Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
парокандакунандаи бодҳо ва ахлоти часпак, кушояндаи гиреҳҳои дохили бадан, қувватбахши меъда, барангезандаи иштиҳо, хушккунандаи рутубатҳои зиёдати ва зарарнок.
Инро бихоянд, даҳанро хушбӯй мекунад, ҳисси таъмро дар даҳан тағйир медиҳад ва узвҳои даруни даҳанро караҳт мегардонад. Агар онро хоида, муддате дар даҳан нигоҳ доранд, барои дарди гулӯ фоида дорад, ба ҷиҳати ислоҳи ҳавои вабой ва тоун даво мешавад.
Оби гиёҳи тару тозаи онро бо шароби кодӣ, ки дарахти хушбӯи ҳиндист, ҳал карда бинӯшанд, баромадани сбила (нағзак) ва сурхичаро манъ мекунад ва намегузорад, ки дигар иллати вабой бирасад.
Тархунро хоида, баъд об бинӯшанд, он об лазиз мегардад.
Вале тархун ба одамони гарммизоҷ зарар дорад. Агар онро бардавом бихӯранд, хунро месӯзонад, ҳатто қуввати боҳро қатъ мегардонад. Дар ин гуна мавриди кабудиҳои сардмизоҷ бояд бихӯранд, то он ки зарари он ислоҳ ёбад. Инчунин узвҳои даруни синаро шахшӯл мегардонад — дар ин ҳолат асал бихӯранд, ислоҳи ҳол менамояд. Тархун ҳамчун ғизо дерҳазм аст ва барои осон намудани ҳазми он карафс ё бо карафс бояд бихӯранд.
Агар ба тархун тухми арпабодиёнро ҳамроҳ карда бихӯранд, қуввати онро зиёда мегардонад.
- Ғофат
Ин гиёҳро ғофис ҳам меноманд ва ба русӣ репейник аст, вале ҳаргиз машҳур нест.
Растаниаш хорнок, баргаш сербару дароз ва пашмакдор аст. Аз миёнаҷои баргҳои он шоҳи миёнҳолии дағал мерӯяд. Гулаш кабуди бунафш ва дарозак. Таъми тамоми қисмҳои гиёҳи он бисёр талх, ҳатто аз сабир ҳам талхтар аст, тунҷӣ ва каме гирандагӣ дорад, гармие чандон надорад. Дар тиб гулаш ва усораи он истеъмол мешавад.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дуввум хушк аст. Вале муаллифи «Иршод» гарм ва хушк дар дараҷаи дуввум бо каме гирандагӣ донистааст.
Хислатҳои шифобахши он: хусусиятҳои нарм ва

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо