Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

рақиқкунандагии аҳлоти ғафс дорад, моддаҳои часпакро аз ҷояшон канда берун мекунад, маҷроҳои баданро аз олоишҳо пок мегардонад, гиреҳҳои ҷигар ва сипурзро мекушояд ва маҷрои ин ҳар ду узвро пок месозад, барои табҳои мураккаб даво мешавад, моддаҳои сӯхтаи зарарнокро бо исҳол дафъ мекунад; пешоб, шир ва ҳайзро равон мегардонад.

Агар гиёҳи хушк ё усораи онро биёшоманд, дарди ҷигарро таскин медиҳад, гиреҳҳои ҷигар ва сипурзро мекушояд; ҷигарро қувват мебахшад ва варами онро таҳлил медиҳад, ҳамаи навъҳои варами сипурзро мегардонад, инчунин сахтии сипурз ва сахтии меъдаро ба ибро меоварад; суулкиньяро, ки сустии ҷигар аст ва аз он дасту поҳо варам меоваранд, дафъ мекунад; барои истиско даво мебошад, пешоб ва ҳайзро меронад. Агар инро бо шароб бихӯранд, захми рӯдаҳоро дафъ менамояд. Занҳое, ки аз дидани ҳайз маҳрум гашта бошанд, ин растаниро аз таг бардоранд, ҳайзашон равон мегардад.

2,25 грамм гиёҳи хушки онро кӯфта, бо оби шоҳитара биёшоманд ва инчунин гул ва усораашро бо ин чизҳо ва сиканҷабин бихӯранд ё гиёҳи онро кӯфта, бо равғани кӯҳнаи хук ё ҳайвоноти дигар сиришта гузошта банданд, решҳои беҳношавро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад.

Усораи онро, яъне оби гиёҳи тари онро дар офтоб ғафс гардонида бимоланд, кӯтур ва хоришро дармон мешавад. Усораашро хушконида, кӯфта бипӯшанд, захм ва решҳоро ба ибро меоварад.

Барои табҳои кӯҳна ва мураккаб, ки аз афзудани савдо ва сафро мегирифта бошанд ва тарсончак бошанд, усораи ин растаниро бо усораи талхшувоқ даромехта бихӯранд, давои хубест. Инчунин ба гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад.

Вале хӯрдани ғофат ба сипурз зарар дорад. Дар ин маврид бодьёни ситорашакл бихӯранд, зарараш ислоҳ меёбад.

Миқдори як бор хӯрдан аз гиёҳи хушки он дар як рӯз то 10,5 грамм аст ва агар инро дар об ҷӯшониданӣ бошанд, 24 граммашро андозанд.

Ба ҷои ғофат баробари ним вазни он талхшувоқро истифода баранд, раво мебошад.

Тариқи гирифтани усораи ғофат ба таври мушаххас чунин аст. Оби гиёҳи тару тозаи онро гирифта, то

пешина
аз 702
навбатӣ