Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

ғафс гаштан дар офтоб бигузоранд. Баъд курсҳо сохта хушк намоянд.

Мизоҷи усорааш сард ва хушк аст ва сабуктар аз гиёҳаш мебошад ҳамчун даво, яъне латифтар.

Хислатҳои шифобахши он: ин низ хусусиятҳои нармкунандагӣ ва канандагии моддаҳои ғафс ва часпаки нодаркор дорад, қӯтур ва хоришҳоро дафъ мекунад, табҳои кӯҳна ва дарди ҷигарро шифо мебахшад, агар бо оби шохитара ва сиканҷабин бихӯранд, хубтар аст.

Миқдори як бор хӯрдан аз ин усора дар як рӯз аз 2,25 то 4,5 грамм аст.

Вале ошомидани ин ба хояҳо зарар мерасонад. Ба ҷои ин се вазни он ғафат ва ба қавле се вазни он татумро истеъмол намоянд, равост.

Тӯхми ин гиёҳро чун бо шароб биёшоманд, захмҳои сатҳи даруни рӯдаҳо ва барои дафъ кардани заҳри ҷонварон аз бадан фоида дорад.

  1. Фанчиюн

Ин гиёҳест баргаш монанд баргҳои печаки бузург, вале аз он калонтар, ҳафт адад мешавад, ки зиёда аз ин миқдор нест. Тарафи ба замин часпидаи он сафед ва тарафи болои он бисёр сабз аст. Дар фасли баҳор аз миёни баргҳои он поя мехезад, ки то як ваҷаб мебошад. Гулаш зард аст ва зиёда аз даҳ рӯз намемонад. Бинобар ҳамин ин гиёҳро саҳван бепоя ва бегул медонанд. Бехрешааш борик. Ин дар заминҳои намнок ва лаби обҳо месабзад. Таъмаш тез, талх ва гиранда аст. Инро дар ҳолати тару тозагӣ истеъмол менамоянд ва агар хушк кунанд, талхиаш меафзояд. Ин гиёҳро ба забони русӣ мать и мачеха меноманд.

Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: хусусиятҳои умумиаш
таҳлилдиҳанда ва парокандакунандаи бодҳост.

Камтареро аз реша ва барги он дар даҳан нигоҳ доранд, барои сурфаи кӯҳна, зиқ-ун-нафас, ростнафас, дамкӯтаҳӣ ва захми узвҳои даруни сина даво мебошад ва бодҳои дар даруни сина ҷамъшударо пароканда месозад. Хушкашро сӯхта, дудашро бигиранд ва дудашро дар бинӣ бикашанд, низ иллатҳои номбурдаро шифо мебахшад.

пешина
аз 702
навбатӣ