Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

Ҳар як қисми гиёҳи онро кӯфта гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад ва пучакҳои гуногунро мекафонад; захм ва решҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад.

Агар кӯфтаи инро занҳои ҳомила аз таг бардоранд, бачаи онҳоро, ки зинда ё мурда бошад, аз шикам меафтонад.

  1. Васма

Ин барги растаниаст, ки дар мамлакатҳои гарм мепарваранд. Дар Тоҷикистони мо низ парвариши он ривоҷ дорад. Баргаш ба барги мӯрд монанд аст. Пояаш миёнхолӣ нест, шохҳояш анбӯҳ, самараш ба андозаи донаи мурч аст, ки баъди расидан сиёҳ мегардад ва дар миёни он самар тухми реза дорад. Навъи саҳрой ва кӯҳии он дар канорҳои рӯдҳо ки регзор бошад, месабзад. Шохҳои он анбӯҳтар, баргаш васеътари дарозтар аст. Растаниаш ба зағир мемонад. Беҳтарини он васмаи навъи ҳиндӣ аст. Фарқи миёни васмаи ҳиндӣ ва кирмонӣ дар он аст, ки навъи кирмонии онро рангаш камтар, вале мӯйро бо он ранг кунанд, рангаш сиёҳ мегардад ва дер мепояд назар ба навъи ҳиндии он. Васмаро ба русӣ басма мегӯянд ва ба арабӣ катам мехонанд.

Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: хусусиятҳои умумиаш поккунандаи бадан аз моддаҳои бегона, гиранда ва манъкунанда, инчунин таҳлилдиҳанда аст.

Ин растаниро бо об ва намак кӯфта ба сар гузошта банданд ё бимоланд, барои дарди сари бодӣ ва балғамӣ, яъне барои дарди сар, ки аз ҷамъ шудани бод ва балғам дар сар даво мешавад, инчунин байза ном дарди сареро, ки тамоми сарро фаро мегирад ва муттасил мебошад, ба ибро меоварад.

Васмаро сӯхта, дудашро ба машом бикашанд ё кӯфтаи онро бимоланд, зукомро дафъ мекунад ва мӯи сарро мустаҳкам мегардонад.

Оби баргашро ё оберо, ки дар он васма ҷӯшонида шуда бошад, бинӯшанд, сахт қай меоварад, барои газедани саги девона фоида дорад ва беҳтарини чизҳоест аз барои ранг кардани мӯй.

пешина
аз 702
навбатӣ