Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
менамояд. Тариқи дигар он, ки майлу хоҳиш ба табиати бемор барои тановули давое ё ризое, ки кайфияти онро намедонад, равона мегардаду мехӯрад ва аз он боиси шифо ва сиҳат ёфтани он мегардад.
Дар вақти қадим касе ба иллати истисқо (водянка) гирифтор буд ва табибони сершумор аз илоҷи он оҷиз гаштанд. Бемор тамоман аз шифо ёфтан ноумед шуда, аз шиддати яъс қарор дод, ки чизеро, ки табъаш хоҳад, хоҳад хӯрд. Иттифоқан бозор даромада, аз малахфурӯш малахи ҷӯшонидаи намакинро харида мехӯрад ва баъд аз он аз дарунаш оби бисёре хориҷ гашта, ӯ сиҳат меёбад. Ё ки шахсе ба иллати махав, ки илоҷпазир набуд, гирифтор шуда, шири афъӣ кайкардаро хӯрда ё он, ки шароберо, ки дар хум ё кӯзаи он мор афтода мурдааст, ин ҳолатро нофаҳмида, он чизҳоро хӯрданду шифо ёфтанд. Баъд табибон аз ин ҳодиса огоҳ гаштанд. Тариқи саввуми шинохтани кайфият ва хусусияти даво ё ғизо он аст, ки шахсе бо роҳи зӯрӣ ва маҷбуран ё касе аз рӯи адоват ва кина ба касе бо мақсади куштани он чизе зарарнок ва кушанда бихӯронад, вале он шахс иттифоқан бемории кӯҳнаи илоҷнопазир дошта бошаду баъд аз хӯрдани он сиҳат ёбад. Масалан: хӯронидани зарних, маргимуш ва биш ба беморони иллати тар ва савдои сӯхта, чунончӣ, зиқ-ун-нафас (бронхиальная астма), сурфаи кӯҳна, махав ва ғайра шифо мебахшад. Тариқи чорӯми таҷриба он аст, ки бинобар қаҳтсолӣ ва қиматӣ ё дар сайру саёҳат ва ғайраҳо иттифоқан давое ё ғизоеро бихӯрад, ки ҳеҷ гоҳ онро надида ва боре ҳам нахӯрда бошад, масалан, гиёҳҳо, гулҳо, меваҳо ва решаҳоро ва аз ин боиси шифо ёфтан ва қувват гирифтани ӯ гардад, чунончӣ ин ҳодиса дар ёфта шудани чой, чӯби чинӣ ва мӯмиё аввалин бор рӯӣ додааст. Баъд аз ин ҳақиқат, кайфият ва миқдори хӯрдани онро муайян намуданд. 7. Он ки бо илҳом ва илқо дар вақти мӯҳтоҷ гаштан, ҳангоми дар бало афтодан, ноҷорӣ, ноумедӣ ва дармондагӣ бемор намедонад, ки чӣ тадбир ба амал оварад ва ё чиро бихӯрад. Ногоҳ дар дилаш фикре пайдо мегардад, ки фалон тадбир бояд кард ё фалон даво ва ғизоро ба танҳоӣ ё бо чизи дигаре ҳамроҳ намуда, истеъмол бояд намуд. Чун ӯ инро ба амал оварад, шифо меёбад. Ё он ки дар ҳамон ҳол хоб кунаду тадбири худро дар хоб бинад ва чун бедор шуда, онро ба амал оварад, ҳамчунин гардад, ки дида буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё