Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
оташ ба зудӣ обила шуданро манъ мекунад ва дарди онро таскин медиҳад.
Баргашро дар об ҷӯшонида, он обро кам-кам ва бардавом бирезанд, мӯйро дароз ва сиёҳ мекунад, ҷӯшинҳои сарро, ки сабабаш зиёд гаштани моддаи савдо бошад, шифо мебахшад.
Баргашро пухта гузошта банданд, варами чашмро таҳлил медиҳад ва дарди лукқосии онро таскин медиҳад.
Решаашро дар об ҷӯшонида, бо он об сар ва мӯйро бишӯянд, мӯйро дароз ва сиёҳ мекунад, инчунин хушкӣ ва сабӯсаки сарро дафъ менамояд.
Равғани онро, ки аз тухми кунҷиди пӯстдори бирьёнкарда бигиранд, дӯҳн-ул-ҳалл, яъне равғани кунҷил меноманд, часпандагии ин зиёда мебошад ва агар аз кунҷиди мукашшар равған бикашанд, часпандагии он камтар мебошад.
Кунҷидро махин кӯфта, дар об бо даст то гарм шуданаш бимоланд, яъне мачак кунанд ва равған аз он ҷудо гардад, рутубат дар он зиёдтар аст. Он чӣ инро кӯфта, дар об ҷӯшонанд, то он ки равған дар рӯи об ҷудо шавад, онро равғани кунҷиди пухта меноманд.
Мизоҷи равғани кунҷил дар дараҷаи дуввум гарм ва тар аст. Қувваташ то ҳафт сол боқӣ мемонад.
Хислатҳои шифобахши он: инро бо давоҳои муносиби ҳамин бемориҳои номбаршаванда бихӯранд, гиреҳҳоро мекушояд, дарун ва сахтиҳоро мулоим мекунад, дар ҷойҳои хушкмондаи аъзо рутубат пайдо месозад, баданро фарбеҳ мекунад, сӯзишҳои аз моддаҳои тез ҳодишударо дафъ менамояд; барои зиқ-ун-нафас, сурфаи хушк, захми шуш, аз хушкӣ ҷингак шудани аъзо қавитар аз худи кунҷил дору мешавад, вале дар табобати сӯзиши пешоб монандӣ кунҷил мебошад.
Агар инро бо мурҷи сафед, яъне бо мурҷи аз пӯсти сиёҳаш ҷудо кардашуда дар об биҷӯшонанд ва баъд нимгарм онро дар гӯш чаконанд, гиреҳи даруни гӯшро мекушояд.
Ин равғанро бо сафедаи тухми мурғ даромехта бимоланд, сахтиҳо ва варамҳои чашмро ва ғайри чашмро таҳлил медиҳад; бо равғани зайтун ва зардии тухми мурғ даромехта бимоланд, варами чашмро дафъ мекунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо