Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Аз ин равған ва муми занбӯри асал мумравган тайёр карда, ба рӯй бимоланд, ранги чеҳраро соф, неку, равшан ва мулоим мекунад. Агар батакрори амал бимоланд, ҷингак шудани узвро ва дигар бемориҳо, ки аз хушкӣ бошанд, шифо мебахшад.
Агар ин равғанро бардавом, яъне батакрор бимоланд, захми нағзак ва сӯхтагии оташро шифо мебахшад.
Ба дарун истеъмол намудани ин равған барои одамони савдовимизоҷ зарар дорад, дерҳазм аст, меъдаро суст мегардонад, инчунин ба майнаи заиф таъсири бад дорад. Агар ин равғанро бо пиёз ё бо андак хамиртуруш биҷӯшонанд ва ё бо оби лиму ва дигар туршиҳо биёшоманд, зарари он ислоҳ меёбад.
Миқдори як бор ошомидан аз ин равған дар як рӯз то 7 грамм аст. Агар равғани кунҷид дарьёфт нагардад, равғани бодоми ширинро ба ҷои он истеъмол намоянд, равост.
- Савринҷон
Ин пиёзаки гиёҳест монанди сири (саримсоки) саҳрой, санавбаришакл, андак паҳнтар, ки се навъ мебошад: 1. Берун ва даруни пиёзаки он — ҳар ду сафед, таъмаш ширин; 2. Берун ва даруни пиёзаки он — ҳар ду моил ба тирагии зард ва сурхтоб; 3. Берун ва даруни пиёзаки он — ҳар ду моил ба сиёҳӣ, вале беруни он тиратар, таъмаш талх. Беҳтарини онҳо навъи аввал, ки берун ва дарунаш сафед ва калон-калони он аст, ки сахт бошад ба шарте, ки бадбӯ набувад. Ин навъаш дар доруҳои ошомиданӣ ба истеъмол меравад. Навъҳои дигараш заҳрнок, хусусан сиёҳи он бадтар аст. Бинобар ҳамин онҳои дигар фақат аз берун истифода мешаванд, на ба дарун. Зеро ки ду навъи охирин кушанда мебошанд бо иллати гулӯгир кардан.
Барги он монанди баргҳои пиёзи гандано ва аз он кавитар аст, поя дорад. Гули гандано зард, монанди савсани майда, вале гули савринҷон сиёҳи сурхтоб аст. Ин растанӣ дар кӯҳҳо мерӯяд. Қувваташ то сӣ сол боқӣ мемонад.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва дар дуввум хушк аст. Мизоҷи баъзеи сафеди он дар гармӣ мӯътадил мебошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо