Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Хислатҳои шифобахши он: агар пиёзаки савринҷони сафедро бихӯранд, ҳамаи навъҳои балғамро аз ҷоҳои дур ва чуқури бадан кашида, дафъ мекунад; моддаҳои зарарноки ба узвҳо рехташавандаро манъ месозад, гиреҳҳоро мекушояд; ахлоти часпакро аз ҷоҳои чуқури бадан, хусусан аз буғумҳо кашида берун меоварад, инчунин зардпарвин ва бемориҳои сипурзро шифо мебахшад. Инро бо сабир (алоэ) бихӯранд, иркуннасо (радикулит) ва никрис (полагра)-ро дафъ мекунад; бо занҷабил ва мурҷ бихӯранд, қуввати боҳро бағоят бармеангезад, барои иллатҳои буғумҳо нафъи бисёр дорад.
1,75 грамми онро бо занҷабил, пудина ва зира бихӯранд, ҳамчунин бо шири навдӯшида ва қанди сафод то се рӯз биёшоманд, боҳро бағоят ба ҳаракат меоварад ва шифобахши иллатҳои пайвандҳои бадан аст, хусусан ҳангоми рехта шудан ва фуромадани моддаҳои зарарнок ба буғумҳо, таъсираш пуршиддат мебошад.
Ин пиёзакро кӯфта, бо заъфарон ва тухми мурғ сиришта гузошта банданд, дарди устухонро таскин ва варамҳои сахтро таҳлил медиҳад; агар бо шароб хамир сохта гузошта банданд, дарди буғумҳоро дафъ мекунад.
Кӯфтаи ин пиёзакро бо равғани зарди кӯҳнаи гӯсфанд ё бо равғани гови кӯҳна даромехта, дар сӯрохи пушт бардоранд, донаи бавосирро меафтонад ва дардашро ҳам таскин медиҳад.
Савринҷони хушкро кӯфта бипошанд, захм ва решҳои кӯҳнаро хушк мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз савринҷон батанҳоӣ ва бо заъфарон 3,5 грамм аст; агар бо давоҳои дигар таркиб дода хӯрдани шаванд, аз 1,75 то 2,25 грамм дохил намоянд.
Агар савринҷон ноёб бошад, ба ҷои он барои дардҳои буғумҳо баробари вазни он хиноро истифода баранд, раво мебошад.
Вале савринҷон ба меъда хеле зарарнок аст, дар рӯдаҳо дард пайдо мекунад, меъда ва ҷигарро заиф мегардонад. Давои ин катиро, шакар ва заъфарон истеъмол намудан аст. Барои табобати дардҳои буғумҳо савринҷонро бояд, ки бо ҳамвазни он занҷабил ва мурҷ, ки ёридиҳандаи он аст дар шифобахшӣ, истеъмол намоянд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо