Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Мизоҷи оби ҷав сард ва тар аст.
Агар инро биёшоманд, фишори баланд ва ҷӯшиши хунро паст мекунад, инчунин ҷӯшиши сафроро низ сокин месозад, аҳлоти сӯхтаро ба ислоҳ меоварад; табҳои гарм ва тез, инчунин ҳамаи бемориҳои аз гармӣ содиршударо шифо мебахшад; тафс ва ҳарорати ботинӣ, тафси ҷигар ва ташнагии шадидро сокин мекунад, иллатҳои диқ, сил (захми шуш), варами пардаҳои лаҳлуи даруни сина, сурфаи хушк, дарди сари аз гармӣ ва монанди инҳоро шифо мебахшад; сиёҳ задани чашмро дафъ мекунад, дар бадан хуни солим пайдо менамояд. Вале истеъмоли ин меъдаи тармизоҷро суст мегардонад ва ба узвҳои даруни шикам, ки мизоҷи хунук дошта бошанд, зарар дорад, бодангез аст. Давои ҳамаи ин зарарҳояш гулканд хӯрдан мебошад.
Аммо оби ҷавро ҳангоми рафтани дарун истеъмол намекунанд.
Агар ҷави кӯфтаро бо челон ва сагпистон, анҷир ва сунбул пухта бихӯранд, барои дарди узвҳои даруни сина ва сурфа доруи хубест.
Шираи ҷавро, ки кашки ҷав низ меноманд, қивомаш ғафстар аз оби ҷав аст, мизоҷаш сард ва моил ба хушкист. Хӯрдани ин барои исҳоли сафровӣ ва ба одамони гарммизоҷ дору мебошад. Агар бо он ғарғара кунанд, варами гулӯ ва дарди онро дафъ мекунад.
Орди ҷавро гузошта банданд, варамҳои сахтро рад мекунад ва таҳлил медиҳад, пучакҳои гармро мекафонад. Орди ҷавро батанҳоӣ ё бо кӯфтаи тухми тугмачагул даромехта гузошта банданд, барои сил, зот-ул-ҷанб (варами пардаҳои даруни сина), варамҳои зери бағал, сина, пистон, баногӯш ва дигар ҷойҳои аъзо даво мебошад; бо камтар решаи чукрӣ (ревоч) даромехта гузошта пай дар пай бибанданд, варамҳоеро, ки гармии баланд надошта бошанд, таҳлил медиҳад; агар бо сирко хамир сохта гузошта банданд, варамҳои сафровӣ, яъне варамҳои гарми шадид, инчунин шаро (аллергия)-ро дафъ мекунад. Агар орди ҷав ӯфт нашавад, ҷавро кӯфта, аз пӯсташ ҷудо сохта, бо оби гиёҳҳои сардмизоҷ, масалан, бо оби барги зуф, барги коснӣ ва ғайра соида, истеъмол фармоянд, ҷоиз аст.
Орди ҷавро ё ҷавро соида, бо оби биҳӣ хамир сохта гузошта банданд, никрис (подагра)-и гармро шифо мебахшад; агар бо оби кашнизи тар хамир карда гузошта

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо