Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
банданд, ханозер, варамҳои сахти гарм ва инчунин варами гулӯро таҳлил медиҳад; бо арпабодиён, тухми зағир, зифт (қатрон) ва пешобӣ кӯдакон сиришта гузошта банданд, варамҳои сахтро мегардонад, инчунин пучакҳоро мекафонад. Ва агар пухтаи онро бо сирко сиришта гузошта банданд, кӯтур ва хоришро дафъ мекунад. Пухтаи онро бо барги коҳу ва ғайра баргҳои хунукмизоҷ кӯфта гузошта банданд, дарди сар, варами чашм, назлаҳо ва сурхбод дору мешавад, инчунин узви шикастаро мустаҳкам менамояд.
Онро бо анҷир ва шаҳдоб пухта, ба варамҳои балғамӣ, яъне ба варамҳои сарди нарм ва варамҳои гарм бимоланд, хеле пуртаъсир аст.
Чавро сӯхта, бо сирко сиришта гузошта банданд, доғҳои кунҷидак ва сабӯсаки сарро дафъ мекунад.
Орди чавро то бӯяш баромадан битафсонанд, ин ҳамчун ғизо аз орди тафсонидашудаи гандум қавитар мебошад. Агар инро бо камтар шакар бихӯронанд, беҳтарин ғизоест барои кӯдакон, инчунин ташнагӣ ва сӯзиши ботиниро таскин медиҳад.
Нони аз орди чав пухташуда гаронхӯр, дерҳазм ва боднок аст. Чун хамири орди онро то тӯрш шуданаш бимонанд, баъд онро дар дӯғ ҳал кунанду ҳамон тавр муддате гузошта, баъд бинӯшанд, фишори баланди хуни сафровӣ, сӯзиши дарун, ташнагии шадид, қайи сафровӣ, табҳои гарм, исҳоли сафровӣ ва хориши баданро дафъ мекунад, ки дар ин бобат давои бемисл аст.
Ошомидани чав барои одамони сардмизоҷ зарар дорад, бодангез аст. Давои ин зарараш бо шакар ё бо набот хӯрдан аст. Орди тафсонидааш агар зиён кунад, давояш онро шустан ва бо ширинӣ хӯрдан аст.
- Лоласурҳак
Инро ба таври оддӣ лола ҳам меноманд. Ин гиёҳест баргаш ва гулаш монандӣ кӯкнор, вале кӯзаи сараш назар ба кӯзаи кӯкнор хеле майда мебошад, тухмаш ҳам нисбатан резатар. Гулаш одатан панҷ барг дорад, садбаргаш ҳам мавҷуд мебошад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: 7 грамм гули хушкашро кӯфта, бо майи пухтагӣ биёшоманд, дарди узвҳои даруни

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо