Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
шикамро, ки дафъатан ба амал омада бошад, таскин медиҳад ва бисёр пуртаъсир аст.
Гули хушки онро кӯфта, бо воситаи найча дар бинӣ пуф кунанд, хуни биниро ҳамон дам қатъ мекунад. Ва агар инро бипошанд, хунравиро, ки аз ҳар як узв бошад, манъ месозад.
Барг ва пояи онро бо коҳи ҷав дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, шири занҳо, пешоб ва ҳайзро равон мекунад.
Оби гиёҳи тари онро дар офтоб ғафс гардонанд, инро усораи лоласурхак меноманд. Усораи инро бимоланд, захмҳоро аз рим пок мегардонад, иллати пӯстпартоиро дафъ мекунад, варами чашмро таҳлил медиҳад.
Усораи онро дар бинӣ бирезанд, майнаро аз рутубатҳои зарарнок пок мегардонад.
Оби гиёҳи тари онро дар чашм чаконанд, гули чашмро дафъ мекунад. Инчунин оби барги гули онро батакрор бичаконанд, низ ҳамон таъсирро дорад. Гули хушки онро маҳин кӯфта, чун сурма ба чашм кашанд ҳам, гули чашмро нест мекунад.
Гули онро бо пӯсти сабзи чормағз якҷо кӯфта, гузошта банданд, мӯйро сиёҳ мегардонад ва шукуфаи пӯстро дафъ мекунад.
Ҳар рӯз 3,5 грамм тухми онро бо оби хунук биёшоманд ва бо он мудовамат намоянд, иллати песро дафъ мекунад.
3,5 грамм қуббаи (кӯзаи) онро бихӯранд, девона мекунад. Аз инаш эҳтиёт бояд шуд.
- Сиёҳдона
Ин тухми растании бӯстонӣ аст ба монандӣ тухми арпабодиён, вале аз он дарозтару бориктар, рангаш сиёҳ ва бӯяш тунд мебошад. Гулаш зардӣ моил ба сафедӣ ва инчунин бунафшӣ низ мешавад. Баргаш дарозаки нӯгдор, тухмаш дар ғилофе, ки калонтар аз ғилофи тухми банг (кирмрезонақ) аст. Қувваташ то ҳафт сол боқӣ мемонад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: ин гармкунанда ва хушккунандаи рутубатҳои нодаркор, пазонанда ва барои хориҷ шудан тайёркунандаи онҳо мебошад, инчунин

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо