Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
аз узвҳои дохилӣ кандани онҳо (ахлот) ва поккунандаи бадан аст; шир, пешоб ва ҳайзро равон мекунад. Агар инро бихӯранд ва бо равғани савсан сиришта, занон аз таг бардоранд, бачаи зинда ва мурдаро аз шиками онҳо меафтонад, инчунин ҳамроҳаки (ёраки) чанинро зуд хориҷ мекунад, бар зидди заҳрҳои тармизоҷ тарёк мебошад.
Инро бихӯранд ва гузошта банданд, сурфаи хунукмизоҷ ва рим кай карданро таскин медиҳад; барои дарди узвҳои даруни сина, ростнафас, истиско (водянка), зардпарвин, беҳузур (беҷо) шудани дил, бемориҳои сипурз ва кулинҷи бодӣ даво мешавад. Инро ҳар рӯз ба дили наҳор бо мудовамат бихӯранд, пешоб, ҳайз ва ширро равон мекунад; агар бо равған бихӯранд, ранги рухсорро сурх мегардонад, башараро соф мекунад; агар бо сирко бихӯранд, ҳамаи навъҳои кирми меъдаро ихроҷ менамояд. Аз 4,5 то 10,5 грамми онро бо оби нимгарм бихӯранд, барои саги девонагазида дору ва бар зидди заҳри ғунда тарёк мешавад; ҳамин миқдорро бо сиканҷабин (сиркоасал) биёшоманд, таби дурӯздармиён ва таби балғамии кӯҳнаро шифо мебахшад; бо об ва асал бихӯранд, ростнафасро дафъ мекунад, сангҳои гурда ва ҳиҷакро майда карда мерезонад, табҳои кӯҳнаро шифо мебахшад; бо танакори арманӣ бихӯранд, душвории шошиданро ислоҳ менамояд.
Сиёҳдонаро сӯхта, бо рубби мӯрд, яъне бо оби ҷӯшинида ғафсгардонидаи мӯрд биёшоманд, бавосирро шифо мебахшад.
Хоми онро бибӯянд ё дар латта баста, як шаб дар сирко тар кардашудаи онро соида, батакрор субҳ дар бинӣ бирезанд, дарди сари кӯҳнаро, ки аз сардӣ бошад, дафъ мекунад, бастагии сӯрохи биниро мекушояд; зуком ва назларо барҳам медиҳад, инчунин қаҷ шудани рӯйро ба ибро меоварад — дар ин бобатҳо давои бемисл аст.
Чун ҳафт адад тухми онро як соат дар шири занон тар карда, дар бинии касе, ки иллати зардпарвин дошта ва чашмонаш зард гашта бошанд, бичаконанд, иллатро дафъ мекунад.
Сиёҳдонаро кӯфта, бо равғани савсани кӯҳӣ даромехта, дар бинӣ бирезанд, оби дар гавҳараки чашм фуромадаро, ки дар ҳолати ибтидо бошад, дафъ мекунад. Ва агар кӯфтани сиёҳдонаро батакрор чун сурма

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо