Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

ба чашм кашанд, гавҳарақро аз он оби фуромада холис мегардонад ба шарте, ки иллат дар ҳолати сар-шавӣ бошад.

Сиёҳдонаро гарм карда ба сар гармбандӣ намоянд, зуқомро дафъ мекунад ва агар ба узвҳои дигар гарм-бандӣ кунанд, бодҳоро таҳлил медиҳад.

Сиёҳдонаро дар об ҷӯшонида, ба он об сирко омех-та, ин таркибро дар даҳан гардонанд, дарди дандон-ро, ки аз сардӣ бошад, таскин медиҳад.

Онро кӯфта, ба пеши сар гузошта банданд, назла-ҳои кӯҳнаро банд менамояд ва дарди сареро, ки са-бабаш хунукӣ бошад, басанда месозад, сӯрохи банд-шудаи биниро мекушояд; агар кӯфтаи онро бо сиркои хамр (винний уксус) ё бо сиркои ангури хамир сохта гузошта банданд, озахҳо, ҳоли рӯи пӯст, иллати пӯст-партой, дарди буғумҳо, доғи сафеди пӯст, пес, донача ва сибилаҳо, инчунин шукуфаи пӯстро дафъ мекунад; бо пешоби кӯдакон хамир карда гузошта банданд, ва-рамҳои сахт, озахҳо ва холро дафъ мегардонад.

Сиёҳдонаро кӯфта, бо оби тарбузи абӯҷаҳл (ҳан-зал)-и тару тоза сиришта, ба атрофи ноф бимоланд, кирми кадудонаро (солитёрро) бо қуввати тамом их-роҷ мекунад; бо сиби дарманаи тар даромехта бимо-ланд, кирмҳои даруни шикамро башаст ихроҷ мена-мояд.

Сиёҳдонаро махин ос карда, бо хуни кӯршабпарак ё бо хуни фароштурук ва ё бо хуни мори афъӣ даро-мехта бимоланд, доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад; бо асал ва равған сиришта бимоланд, агар бачадон ҳангоми омадани ҳайз дард мекарда бошад, дарди онро шифо мебахшад; бо равғани гулисурх сиришта бимоланд, кӯтурро хоҳ тар бошад ва хоҳ хушк, шифо мебахшад.

Сӯхтаи онро бо мумравғане, ки аз муми занбӯри асал ва равғани савсан тартиб дода ё дар равғани хино гудохта бошанд, даромехта гузошта банданд, сари калро сиҳат мекунад, рехтани мӯйро манъ ме-намояд ва дар сари кал мӯйро мерӯёнад — барои ин кор батакрор бояд гузошта банданд.

Сиёҳдонаро андак бирён карда, кӯфта, бо гулоб хамир сохта гузошта банданд, захмҳои савдовии соки поро дафъ мекунад; бо пешоби кӯдакон хамир карда гузошта банданд, решҳои сарро, ки рутубаташон монанди

пешина
аз 702
навбатӣ