Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

асал бошад ва дигар решҳои тарро, ки аз сардӣ бошанд, шифо мебахшад.

Сиёҳдонаро то бӯяш баромадан бирэён кунанд, инро сиёҳдонаи бӯдода меноманд. Сиёҳдонаи бӯдодаро кӯфта, дар равғани зайтун пухта, се-чор қатра аз он равған дар бинӣ чаконанд, зукомеро, ки бо атсаи бисёр бошад, дафъ месозад.

Вале агар сиёҳдонаро аз ҳад зиёд бихӯранд, одамони гарммизоҷро ба дарди гулӯ гирифтор мекунад — давои ин дар сирко тар карда хӯрдан аст. Инчунин ба гурда ҳам зиёнкор аст — давои ин хӯрдани қатиро мебошад.

Миқдори як бор хӯрдан аз сиёҳдона дар як рӯз барои одамони хунукмизоҷ то 7 грамм аст, вале барои касони гарммизоҷ то 1,75 грамм мебошад.

Агар сиёҳдона ёфт нашавад, ба ҷои он арпабодиён бихӯранд, раво мебошад ва инчунин нисф вазни он тухми шибитро хӯрдан низ ҷоиз аст.

Аз сиёҳдона равған ҳам тайёр мекунанд. Ин бо роҳҳои гуногун ҳосил карда мешавад:

  1. Бигиранд дар таносуби 70 грамм сиёҳдона 17,5 грамм равғани бодоми талх — ҳар дуро якҷо бикӯбанд. Бар он андак оби гарм пошида, баъд бошиддат фишор дода, равғани онро биситонанд.

  2. Колбаро дар ҳаҷми хоҳиш гирифта, ба он гили бӯта бимоланд ва даруни онро то гарданаш аз сиёҳдона пур созанд ва дар гулӯи колба лифи зағирпоя ҷо намоянд. Баъд бигиранд лаган ё тунукаи ғафсро аз миёнаҷояш мувофиқи ғунҷоиши гардани колба сӯрох кунанд. Колбаи пуркардашударо сарозер дар он сӯрох гузоранду аз боло ва атрофи он дар рӯи лаган оташи тез биафрӯзанд. Равғани сиёҳдона ҷудо гашта, дар лиф покшавон ба поён фуруд меояд.

  3. Як миқдори муайян сиёҳдонаро дар ҳашт баробари вазни он оби ширин як шабонарӯз тар карда, баъд то чорьяки об мондан биҷӯшонанд. Ва онро аз матои бофташ зич гузаронида, соф намуда, дар зарфе аз болояш равғани кунҷиди тоза ё равғани зайтун ду баробари он об андохта, бо оташи мулоим биҷӯшонанд, то об бухор шуда, равған бимонад. Эҳтиёт кунанд, ки равған доғ нагардад.

Мизоҷи равғани сиёҳдона дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.

Хӯрдани ин ва молиданаш барои иллатҳои фолиҷ,

пешина
аз 702
навбатӣ