Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

каҷ шудани рӯй, ҷингак шудани узвҳо, дардҳои буғумҳо аз сардӣ, сустии олатҳои таносул, дафъ кардани гиреҳи асабҳо, мондагӣ, дарди камар, барои қувват бахшидани боҳ ва ба ҳаракат овардани аъзои таносул, ҳатто барои касоне, ки аз мардӣ маҳрум гашта бошанд, даво мебошад. Агар маҳз бо равғани зайтун ин равғанро тайёр карда бошанд, барои барқарор кардани қуввати марди маҳрум ва ноумед гаштагон давои бемисл аст, ҳам хӯрданаш ва ҳам молиданаш.
Миқдори як бор хӯрдан аз равғани сиёҳдона дар як рӯз то 7 грамм аст.

  1. Дармана

Ин гиёҳест қадаш қариб ба баландии шибит, баргҳояш реза ва бисёр нозук, ранги баргҳояш баъзан сабзи моил ба зардӣ ва баъзе гӯё дар рӯяш ғубор дорад ва хокистарранг аст. Гулаш сафеди моил ба пуштӣ ва гули зардаш ҳам мавҷуд аст. Дармана навъҳои кӯҳӣ ва саҳроӣ дорад.
Мизочаш гарм ва хушк дар дараҷаи саввум ва ба қавли баъзе табибон дар дараҷаи дуввум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, гиреҳҳои узвҳои баданро мекушояд, балғамро меканад, бодҳоро таҳлил медиҳад, ахлоти мурдорро бо исҳол дафъ менамояд, моддаҳои нодаркор ва зарарнокро бо воситаи пешоб аз бадан берун меронад, ҳамаи навъҳои кирмро аз меъда ва рӯдаҳо ихроҷ мекунад.
Агар инро биёшоманд, барои газидани ғунда ва каждум, инчунин бар зидди ҳамаи захрҳои тармизоҷ таръёк мешавад; душвории нафасро ислоҳ мегардонад, оруғро дафъ мекунад; дарди рӯдаҳо, дарди сурин ва табҳои мураккабро шифо мебахшад.
Миқдори хӯрдани он бар зидди таъсири захрҳо то 10,5 грамм ва барои бемориҳо то 7 грамм аст.
Вале ба дарун истеъмол кардани дармана ба меъда ва асаб зарар дорад, дарди сар медиҳад — давои ин зарарҳояш мустақо истеъмол кардан аст.
Ба ҷои дармана ба ҳамин вазн талхшувокро истеъмол намоянд, раво мебошад.
Дарманаро пухта, бо он гармбандӣ кунанд ва батакрор онро бимоланд, барои дарди чашм, ки сабабаш зиёд гаштани балғам бошад ва дигар варамҳои

пешина
аз 702
навбатӣ