Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
ғализ дору мешавад ба шарте, ки бо воситаи истеъмоли давои дахлдор баданро аз балғам танқия карда бошанд пеш аз истеъмоли ин. Дар бобати танқия мо дар охири муқаддимаи ин китоб сухан рондем.
Хокистари ин гиёҳро бо равғани зайтун ё равғани савсани сафед ва монандӣ онҳо хамир сохта, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш гузошта банданд, дору мебошад ва ба зудӣ дар он ҷойҳо мӯйро мерӯёнад. Ин хокистарро бипошанд, решҳои хӯрандаро шифо мебахшад.
Аз дармана равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Дар зарфи шиша то нимааш равғани кунҷиди нав андохта, даруни онро аз гиёҳи тари дармана пур мекунанду ба офтоб мегузоранд. Дар муддати шаш рӯз қувват ва ранги он ба равған мегузарад. Он дарманаи беранггаштаро фишурда партофта, аз нав дарманай дигар пур мекунанд ва ҳамин тавр то шаш маротиба дарманаро иваз менамоянд. Баъд фишурда, равғанро соф менамоянд — ин равғани дармана ҳисоб меёбад.
Ин равғанро бихӯранд, барои иллатҳои душвории нафас, дафъ кардани ларзи табхо, бемориҳои аз хунукӣ баамаломада, варами меъда, истиско (водянка), ихроҷ кардани кирмҳои шикам, газидани каждум ва гӯнда, инчунин рӯёнидани гӯшти солим дар захмҳо даво мебошад.
- Гандуми девона
Ин донест аз ҷав борик ва майдатар, таъмаш каме талх, рангаш моил ба сурхӣ. Гиёҳаш монанди растании гандум дар гандумзорҳо мерӯяд. Беҳтарини он фарбехдонай он аст, ки кӯҳна нагашта бошад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушкиаш зиёда аз ин дараҷа мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, караҳтӣ меоварад, чашмро сиёҳ мезанонад, овозро вайрон мекунад. Ноне, ки дар он гандуми девона дошта бошад, ҳангоми хӯрдан маст мекунад, хоб меоварад ва боиси сиёҳ задани чашм мегардад.
Кӯфтаи онро гузошта банданд, хор ва тирро аз бадан кашида берун меоварад ва моддаҳои рӯи узвро пок мекунад. Агар кӯфтаи онро бо шароб хамир сохта гузошта банданд, дарди суринҳоро дафъ мекунад; инро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо