Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

бо сирко пухта, бо равғани зайтун сиришта гузошта банданд, шукуфаҳои пӯст, хоришак ва кӯтуррешгаштаро шифо мебахшад ва бо сафедаи тухми мурғ хамир карда гузошта банданд, сахтиҳои баданро ислоҳ мекунад; бо асал хамир сохта гузошта банданд, никрисро, ки дард ва варами ангуштони дасту поҳо мебошад, ба ибро меоварад; бо тухми зағир ва саргини кабӯтар сиришта гузошта банданд, пучак ва чиртакҳоро мекафонад, ҷароҳатҳоро сиҳат мекунад, варамҳоро мегардонад ё пазонида мекафонад; инро бо орди гандум даромезанду бипошанд, шукуфаҳои пӯст ва решҳои дигарро сиҳат мебахшад; агар бо гили гирд даромехта гузошта банданд, доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад.

Ба ҷои гандуми девона себаргаро истеъмол кунанд, раво мебошад.

Агар касе гандуми девонаро хӯрда бошад, давояш равған ва шир хӯрда кай фармудан аст ва нӯшидани оби меваҳои турш аст.

Аз гандуми девона равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Қолбаро, ки ҳар навъи бузургашро бихоҳанд, гирифта, ба рӯи он гили бӯта молида, даруни онро то гулӯяш аз гандуми девона пур мекунанд ва дар гулӯяш лифи зағирпоя ё дигар лиф ҷо менамоянд.
Баъд лагани калон ё вараки васеътари оҳанро аз миёначаояш мувофиқи ғунҷоиши гардани колба сӯрох карда, он колбаро сарозер ба он сӯрохӣ мегузоранду аз боло ба атрофи шиками колба ангишт гузошта оташ меафрӯзанд, аз тафси оташ равғани гандуми девона ҷудо гашта, аз лиф софшаванда гузашта, ба зарфи дар поён гузошташуда мечакад.

Ин равғанро бимоланд, шукуфаҳои пӯст, захмҳои сарҳои тифлон ва ғайри тифлон, сабӯсаки сар ва доғҳои кунҷидакро дафъ мекунад.

  1. Сабир

Ин растаниро ба русӣ алоэ мемонанд. Дар сарзаминҳои мо гиёҳи инро аксар ҳангоми зимистон дар
тубакҳо ҷо дода, дар хонаҳо парвариш мекунанд ва
дар фаслҳои дигар мумкин аст дар берун, ҳатто дар
заминҳо нашъунамо диҳанд. Инро баргаш ғафс, шашӯл, дароз ва нӯгтез, қисми поёни барги он сербар,

пешина
аз 702
навбатӣ