Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
бисьёр обдор, часпак ва каме хор ҳам дорад. Таъмаш алх аст. Оби онро фишурда гирифта, дар зарфҳои кушода хушк месозанд. Сабир се қисм мебошад: 1.
Сабири арабӣ, ки беҳтаринаш дар ҷазираи Сакутар, ки наздики мулки Яман аст, мерӯяд. Ва дар он ҷазира давоҳои кундур, мукл ва дамм-ул-аҳвайн бисьёр мерӯянд. Сабири он ҷо зард ва заъфаронии тира, зудшикан ва аълосифат мебошад. 2. Сабири ҳиндӣ, ки зарди камранг ва моил ба сиёҳӣ аст. Ин дар бобати давогӣ аз сабири сакутарӣ сусттар аст. 3. Сабири самиконӣ, ки ба номи деҳаи Самиконии мулки Наҷористон машҳур аст ва инчунин онро сабири форсӣ ҳам меноманд. Ин аз ҳама заифтарин қисмҳои сабир аст, сиёҳранги тира, шабеҳ ба дурда, дершикан, бадбӯ, сабук ва дар амалҳои табобат хеле камтаъсир мебошад. Инро фақат аз берун истеъмол менамоянд.
Қуввати сабир баъд аз ҷудо кардан аз танааш то чор сол боқӣ мемонад ва агар аз чор сол гузарад, то ҳафтум сол торафт сусттар мегардад.
Пеш аз истеъмол бояд, ки онро бисьёр ва хуб бисоянд, то ки ҳангоми хӯрдан ба патҳои меъда бичаспаду хуб амал кунад.
Аммо инро ҷавонони сафровимизоҷ, одамони гарммизоҷ, касоне, ки узвҳои даруни сина ва шикамашон сусту заиф бошанд, инчунин мосорико ва ҷигарашон суст бошанд, иллатҳои мақзад ва бавосирдошнгтон ва шахсоне, ки дар баданашон хун бисьёр ва рагҳояшон танг бошад, инчунин дар ҳавоҳои бисьёр гарм ва бисьёр хунук истеъмол нафармоянд. Инчунин ҳангоме, ки дар меъда таом мавҷуд бошад, набояд бихӯранд, ки мабодо ба таом омехта гашта, онро мурдор гардонад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Ғале талхии таъм ва қабзиятнокии он ба мураккабулқувват будани он далолат мекунад.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, гиреҳҳои ҷигар ва дигар гиреҳҳоро дар бадан мекушояд,
бодҳои шикамро таҳлил медиҳад; ҳар як моддаи нодаркори дар меъда, сар, буғумҳо ва ғайраи ҷамъшударо башаст бо исҳол дафъ мекунад, вале дар дигар
ҷоҳо бошад, таъсираш суст аст. Моддаҳоро аз ҷоҳои
чуқури бадан мекашад, меъда ва рагҳоро аз римҳо
пок месозад; савдо, балғами ғафси шаффоф ва сафровиро пазонида ихроҷ менамояд: зардпарвинро бо исхолкунандагии

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо