Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
худ шифо мебахшад, гиреҳи ҷигарро мекушояд, ин беҳтарин давоест барои меъда ва поккунандаю қувватбахши он; қуввати бинишнориро зиёда мегардонад ва дигар ҳисхоро неку ва сара менамояд; молихулиё, бемориҳои рӯҳӣ ва аксари иллатҳои майнаро, ки вобаста ба меъда бошанд, дафъ мекунад, зеро ки меъда бо онҳо комилан ширкат дорад; хоб медаварад.
Агар инро гузошта банданд, решҳои тарро бидуни дард хушк мегардонад, носурҳои чуқурро ба ҳам часпонида сиҳат мебахшад, захмҳои беҳнашавандаро сиҳат мекунад, хусусан, ки дар мақсад бошанд ва намегузорад, ки моддаи онҳо бадҳол гардад.
Агар пеш аз баромадани ришта, яъне дар аввали намоён шудани аломатҳои он се рӯз паи ҳам рӯзи аввал 1,75 грамм, рӯзи дуввум 3,5 грамм ва рӯзи саввум 5,25 грамм аз он бихӯранд ва миқдореро аз он ба он ҷо ҳам бигузоранд, то ки моддаи онро пароканда ва нест гардонад, шифо мебахшад.
6,75 грамм сабирро бо оби нимгарм бихӯранд, башиддат исҳоли меъдӣ меоварад ва меъдаро аз моддаҳои зарарнок пок мегардонад; ҳамин миқдор сабирро бо шахдоб биёшоманд, балғам ва сафроро бо воситаи исҳол фуруд меоварад. Гоҳо ҳодис мешавад чун субҳ ва шом чанд ҳаб (таблетка) бо давоҳои ислоҳкунандаи он, ки шилми санавбар ва асали соф — ҳар дуро даромехта ва ҳамаро бо оби гарм фурӯ баранд, дарунро мерасонад ва тасмро дар меъда вайрон намегардонад, инчунин дардҳои меъдаро дар як рӯз бартараф месозад; агар онро бо мустако (мастика) бихӯранд, майнаро аз моддаҳои бегона пок мегардонад; агар бо занбӯруғи сафеди танаи дарахт бихӯранд, барои буғумҳои бадан ва дамкӯтаҳӣ дору мешавад ва узвҳои даруни синаро аз моддаҳои бегона пок менамояд.
3,5 грамм сабирро бо оби хунук бихӯранд, иллати хун қай кардан ва зардпарвинро сиҳат мебахшад; агар ин миқдори онро бо гули сурх ва мустако бихӯранд, ҳамаи бемориҳои меъдаро шифо мебахшад; бо талхшувок бихӯранд, барои ҳамаи бемориҳои савдовӣ, дафъ кардани кирмҳои меъда ва рӯдаҳо, бемориҳои силпурзу гурда ва басанда гардонидани ташнагӣ, ки аз ҷамъ шудани сафрою балғамнок бошад ва инчунин барои барқарор намудани иштиҳои гумшуда дору мебошад,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо