Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

дар даҳан гардонанд, дарди дандонро, ки аз хунукӣ сар зада бошад, таскин медиҳад.

12,5 грамм шоҳ ё решаи онро дар 300 грамм об то нисфи об мондан биҷӯшонанд, баъд соф карда, бо шакар ва монандӣ он чизҳо бинӯшанд, барои иллатҳои фолиҷ, нотавон ва бемадоргаштаи узвҳо, ки кӯҳна шуда бошад, зиқ-ун-нафас ва сурфаи кӯҳна дармон мешавад.

0,35 грамм решаи онро кӯфта, бо равғани бунафша сиришта, дар бинӣ бирезанд, дарди нимсарро, ки сабабаш сардӣ бошад ва инчунин дарди буғумҳоро шифо мебахшад.

Ҳар рӯз аз кӯфтаи хушки сарсабил 4,5 грамм бо набот то як ҳафта ва зиёда аз он биҳӯранд, дарди буғумҳоро, ки кӯҳна шуда бошад, шифо мебахшад.

Кӯфтаи онро бо гулоб сиришта гузошта банданд, барои фолиҷ ва таскин додани дардҳои гуногуни буғумҳо, ирқульнасо, никрис, варамҳои гуногун ва ғайраҳо шифо мебахшад.

Кӯфтаи онро занҳо аз таг бардоранд, пешоби бастаро меронад, бачаро аз шиками ҳомила меафтонад.

Миқдори як бор хӯрдан аз сарсабил дар як рӯз аз 4,5 то 9 грамм аст.

Вале хӯрдани сарсабил ба одамони гарммизоҷ, ҷавонон, дар фаслҳои гармо, бемориҳои гарми монанди: табҳои гарм ва сафровӣ, фишори баланди хун доштагон, сурхича, нағзак (гулак) ва монанди инҳо зарар дорад.

Агар 10,5 грамм барг ва шоҳи онро дар об ҷӯш дода, он обро бо мустаққо биҳӯранд, моддаи савдоро бе ҳеҷ гуна азият аз бадан бо исҳол дафъ мекунад.

Камтареро аз барги он бо равғани зайтун биёшоманд, қайи сахт меоварад, барои газидани саги девона, махав, инчунин барои ҳамаи бемориҳои савдовӣ, масалан, васвос, тарс, девонагӣ, молихулиё ва ғайра давои қавӣ мебошад, вале дар айни ҳол хатарнок ҳам аст.

Барги онро кӯфта гузошта банданд, реш ва захмҳои хабисаро (злокачественные язвы) шифо мебахшад.

Решааш бисёр тез, захмовар ва сӯзонанда аст. Агар инро кӯфта бимоланд ва молиш диҳанд, доғи сафеди пӯст ва песро дафъ мекунад. Ва агар инро бо сирко даромехта бимоланд, иркуннасо (радикулит)-ро

пешина
аз 702
навбатӣ