Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

шифо мебахшад ва ба ҷойҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш ба ҳадде бимоланд, ки хунолуд гардад, дар як-ду дафъа мӯй мерӯёнад.

1,75 грамми онро, ки миқдори мӯътадили хӯрдани он аст аз решааш, биёшоманд, сахт исҳол меоварад, балғам ва савдоро аз бадан дафъ мекунад; агар ин миқдорро бо оби тугмачагули тару тоза бинӯшанд, низ қайи башиддат меоварад.

4,5 грамм решаи онро батанҳоӣ бихӯранд, қай кунонида, ғамгин сохта ва рӯдаҳоро ба дард оварда мекушад. Агар касе аз решаи он ин миқдор хӯрда бошад, давояш равғани бодоми ширин хӯрдан аст.

Огоҳ кунем, ки фоидаи сарсабил барои бемориҳои балғамӣ равшан аст — ин бинобар кайфиятҳои гармӣ ва хушкӣ доштанаш, ки зидди кайфияти балғам аст, аммо бар зидди ҳилти савдо, азбаски мизоҷи савдо хушк мебошад, ошомидани ин гӯё зарар мекардааст, вале ин тавр нест. Бинобар он, ки моддаи ғафсро таҳлил медиҳад, вале ин бар зидди бемориҳои савдовӣ фоидабахш мебошад, зеро ки ҳилти савдо ҳам ғафс аст.

Аз сарсабил равған ҳам тартиб медиҳанд ба ин тариқ. Як миқдор сарсабили хушкро дар шаш баробари вазни он оби ширин як шабонарӯз тар намуда, баъд то чоряки об мондан меҷӯшонанд. Сонӣ он обро соф карда, дар зарфе бо ду баробари вазни он равғани кунҷиди нав ё равғани зайтун дохил намуда, бо оташи мулоим оҳиста меҷӯшонанд, то ки об бухор шуда раваду равған бимонад. Аломати тамом шудани об аз ҷӯш мондани сатҳи равған аст. Вале эҳтиёт кунанд, ки равған доғ нагардад.

Молидан ва хӯрдани ин равған барои иллатҳои аз сардӣ сарзада, дамкӯтаҳӣ, сурфаи кӯҳна, фолич, каҷ шудани рӯй ва ғайра шифо мебахшад.

  1. Мозу

Ин самари дарахти ҳиндист. Қувваташ то се сол боқӣ мемонад.

Мизоҷаш дар дараҷаи якум сард ва дар дуввум хушк аст. Вале баъзеҳо дар дараҷаи дуввум сард ва дар саввум хушк гуфтаанд.

Хислатҳои шифобахши он: инро кӯфта, бо воситаи

пешина
аз 702
навбатӣ