Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
найча дар бинӣ пуф кунанд, хуни биниро манъ мекунад.
Агар мозуро маҳин ос карда чун сурма ба чашм кашанд, силпукӣ, обрави ва кӯтури чашмро шифо мебахшад. Кӯфтаи онро бо оби чилмангӯштак (семизут) дар гӯш чаконанд, хунравӣ ва рафтани римро аз даруни он бозмедорад.
Кӯфтаи онро ба дандон ва милки он бимоланд ва дар об ҷӯшонида, он обро бо сирко даромехта, дар даҳан гардонанд, дандон ва милки онро мустаҳкам мекунад, рутубатҳои мурдорро аз забон ва милки дандон мекашад, ҷӯшиши (пухтани) даҳанро шифо мебахшад, рутубати зарарноки узвҳои даруни даҳанро дафъ мегардонад. Сӯрохи дандони кирмхӯрдаро аз кӯфтаи ин пур кунад, пӯсиши онро манъ мекунад.
Соидани онро бо об биёшоманд, захмҳои гуногуни рӯдаҳоро ба ибро меоварад, исҳоли кӯҳнаро банд мекунад, беҷо равон шудани ҳайзро ислоҳ менамояд ва инчунин рутубати зиёдатӣ ва беҷоояндаи бачадонро хушк мегардонад. Агар мозуро бо таомҳо бардавом бихӯранд, низ ҳамин таъсир дорад.
Мозуро дар об пухта, молида гузошта банданд, варамҳои макъадро таҳлил медиҳад, макъади (кӯтани) беруномадаро ба ҷояш мебарад ва бардамидани нофи тифлонро ба ислоҳ меоварад ва агар ба он сирко ҳамроҳ кунанд, таъсираш зудтар мерасад ва қавитар мегардад.
Мозуро соида, бо сирко сиришта бимоланд, шукуфаи пӯст ва сурхбодро, ки дар вақти ибтидо бошад, шифо мебахшад; ба ҷойҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад, доғҳои кунҷидак ва доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад.
Кӯфтаи мозуро ба гӯшти зонди ҳар ҷо, ки бошад, бипошанд, онро лоғар сохта таҳлил медиҳад, вале агар сӯхтаи онро бипошанд, дар ин бобат боз ҳам хубтар аст. Инро кӯфта гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад ва реши давандаро аз давидан манъ мекунад, доначаҳои мӯрчагазак ва решҳои хӯрандаро шифо мебахшад.
Агар мозуро дар об ҷӯшонида, он обро бо сирко бинӯшанд, ҳам ҳамин таъсирро дорад. Кӯфтаи онро бо сирко хамир карда бимоланд, устухони шикастаро ба ҳам мечаспонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор