Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Мозуро дар об ҷӯшонида ё онро як шабонарӯз дар об тар карда, бо он об мӯйро бишӯянд, мӯйро сиёҳ мегардонад.
Агар инро кӯфта бимоланд, арақро манъ мекунад ва бадбӯии онро ба ислоҳ меоварад.
Мозуро дар равғани зайтун бисӯзанду баъд фишурда аз он равғанро ҷудо карда, он равғанро бимоланд, барои сиёҳ кардани мӯй ранги неку мебошад.
Ба дарун истеъмол кардани мозу барои узвҳои дохилии сина ва ҳалқ зарар дорад. Давои ин зиёнаш катиро ва шилми бодомҳоро хӯрдан аст, инчунин онро бо тухми мурғи нимпухта якҷо бихӯранд, зарараш ислоҳ меёбад.
Миқдори як бор хӯрдан аз мозу дар як рӯз 4,5 грамм аст.
Агар ёфтани мозу мушкил гардад, ба ҷои ин ба вазни он пӯсти анор, самари балут (ҷуфти балут), самари газ ва ҳалилаи зардро истеъмол намоянд, раво мебошад.
Тариқи сӯхтани мозу чунин аст, ки дар рӯи ахгар бисӯзонанд ё зарфи сафолро дар оташ гузошта, дар рӯи он бирён намоянду дар шароб ё дар сирко хунук кунанд.
Барои банд кардани хун ва хушк гардонидани захмҳо, инчунин барои таҳлил додани варамҳо назар ба носӯхтан он сӯхтааш таъсирноктар мебошад.
- Мармиҷон
Ин ду навъ аст: кӯҳӣ ва бӯстонӣ. Мармиҷон растанинест хорнок, гулаш сафед, шакл ва таъми самараш ба тутӣ сиёҳ наздик аст, андак кулӯла ва сепаҳлу.
Мизоҷаш мураккабулқувват, сардӣ ва хушкӣ бар ин ғолиб то ба дараҷаи дуввум.
Хислатҳои шифобахши он: ҳамаи қисмҳои он хусусияти хушккунандагӣ ва хунукнамояндагӣ дорад; хун қай карданро манъ месозад, рутубати барзиёди бачадонро хушк мегардонад ва узвҳои дохили баданро қувват мебахшад.
Баргашро кӯфта гузошта банданд, захмҳои сарро хушк мекунад, чашми аз косахонааш баромадаро, ки дар тибби қадим ҷуҳузулайн меноманд, ба ҷояш мебарад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор