Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Усораи мармичонро, яъне оби барг ва пояи тару тозаашро дар офтоб ғафсгардонидаашро бо андак шилми бодомҳо даромехта гузошта банданд, ҳамаи бемориҳои гарм ва сарди чашм, хусусан захм, обравӣ, ноҳунак ва варами бардамидагии чашмро шифо мебахшад.

Баргашро бихоянд, решҳои милки даҳон, сустии милк, пухтан ва бадбӯии даҳан ва ҷароҳатҳои нави онро шифо мебахшад ва хоидани меваи пухтагии он низ ҳамчунин таъсир дорад.

Оби барг ва пояи тару тозаи онро бо андак шилми бодомҳо даромехта биёшоманд, меъдаро қувват мебахшад ва қай кардани хунро манъ мекунад, исҳолро мебандад ва моддаҳои нодаркор, инчунин бавосирро манъ месозад.

Барг ва самарашро дар об ҷӯшонида, он обро бо гулоб якҷо карда, дар рӯзҳои омадани ҳайз биёшоманд, ҳомила шуданро манъ мекунад. Гулашро бихӯранд ҳам, исҳолро мебандад.

Баргашро кӯфта, аз рӯ гузошта банданд, меъдаро қувват мебахшад ва бавосирро, ки хун аз он равон бошад, фоида дорад.

Оби барги онро дар соя хушк карда бихӯранд, қувваташ зиёда мегардад.

Мевааш қабзкунандатарин назар ба қисмҳои дигари ин гиёҳ аст. Агар инро бихӯранд, рӯдаҳоро қувват мебахшад.

Решаашро кӯфта, чун талкон бо об бихӯранд, санги гурдаро майда карда мерезонад.

Баргашро кӯфта гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад, пучак ва чиртакҳоро мекафонад, реши хӯрандаро аз афзудан нигоҳ медорад, мӯрчагазакро шифо мебахшад, решҳои давандаро аз ҳаракат бозмедорад.

Усораи оби самари мармичонро, яъне оби самари онро дар офтоб ғафс гардонида бимоланд, решҳои тарро хушк мекунад ва аз онҳо равон шудани рим ва рутубатҳоро манъ месозад. Гулашро ҳам кӯфта гузошта банданд, ҳамин таъсирро дорад.

Барг ва шохҳои борики тари онро кӯфта гузошта банданд, харошида шудани ронҳоро, ки дар ҳангоми сафар ба ҳам расида бошад, шифо мебахшад.

Барг ва самари онро пухта ба сар бимоланд ё гузошта

пешина
аз 702
навбатӣ