Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

банданд, мӯйро сиёҳ мекунад ва дар ин бобат ин ранги хубест.
Нақл аст, ки ҳар кас баъди ҳар мартаба ҳаммом кардан бо оби ин пойҳои худро бишӯяд, мӯяш сафед намегардад.
Истеъмоли мармиҷон ба дарун барои гурдаҳо зарарнок аст — давои ин зиёнаш шакар хӯрдан мебошад.
Миқдори як бор хӯрдан аз оби барг ва мевааш ва аз гули он, ки дар офтоб қафс карда бошанд, яъне аз усораи барг, мева ва гулаш то 10.5 грамм аст.

  1. Челон

Ин самари дарахтест баргаш дарозак, пӯстлохи чӯбаш сурхи холдор, инчунин чӯбаш ҳам сурхрант аст.
Самараш ба самари санҷид шабоҳат дорад, баъди расидадан, яъне баъди пухтан сурх мегардад, ширин мешавад.
Мизоҷи навпухтаи он дар гармиву сардӣ мӯътадил, вале моил ба тарӣ мебошад. Аммо Абӯалӣ ибни Сино дар дараҷаи якум сард ва мӯътадил дар хушкӣ ва каме рутубат дорад, гуфтааст.
Хислатҳои шифобахши он: самари челонро бихӯранд, ахлоти ғализро дар бадан мепазонад ва барои дафъ гаштани онҳо муҳайё месозад; узвҳои даруни сина ва шикамро мулоим мекунад; ахлот (моддаҳо)-и рақиқ (суюқ)-ро бо исҳол дафъ менамояд; дағалии узвҳои даруни сина, ҳалқ ва овозро, ки сабабаш ҳарорат бошад, шифо мебахшад; сурфа, дамкӯтаҳӣ ва дардҳои узвҳои даруни синаро дафъ мекунад; хунро соф менамояд ва хуни солим аз он пайдо мешавад; тафс ва ташнагиро таскин медиҳад, фишори баланди хунро паст мегардонад; гармӣ ва дарди ҷигар, гурда ва хиҷакро сокин мекунад; бемориҳои мақъад, сӯзиши меъда ва рӯдаҳоро дафъ мекунад, мизоҷи вайронгаштаи ҷигарро ба ислоҳ меоварад.
Челонро соида, ба танҳоӣ ё бо донакаш кӯфта гузошта банданд, тафс ва варами гарми чашмро таскин медиҳад.
Хӯрдани самари челон барои бемориҳои узвҳои даруни сина, шуш, монанди: сурфа, дамкӯтаҳӣ ва дарди

пешина
аз 702
навбатӣ