Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
узвҳои даруни сина даво мебошад; дағалии узвҳои даруни сина, ҳалқ ва овозро дафъ мекунад. Хушки онро бо давоҳои муносиб ҳамроҳ карда бихӯранд, аз барои иллатҳои узвҳои даруни сина ва шуш беҳтар аз тару тозаи он аст.
Челон бодангез, дерҳазм ва раддӣ аст барои меъда, вале баъд аз хӯрдан аз он моддаи сара дар бадан пайдо мегардад, андак часпак аст, узвҳои даруни шикам ва синаро мулоим менамояд, ахлоти рақиқро бо исҳол дафъ мекунад, моддаҳои нодаркор ва зарарнокро мепасонад ва он моддаҳоро барои дафъ шудан тайёр месозад; тафси меъда, ҷигар ва ташнагиро таскин медиҳад, фишори баланди хунро паст мегардонад, ҳоли ҷигар ночӯр шуда бошад, ислоҳ мекунад, бемориҳои мақъадро шифо мебахшад (хусусан пухтаи нимхушки он дар ин бобат хубтар аст).
Агар нимраси онро бихӯранд, дарунро мебандад.
Инро бо донакаш соида бихӯранд, захми рӯдаҳоро шифо мебахшад; челони донакдорро монандӣ орд ос карда ва андак тафсонида, бо оби сард бихӯранд, дарунро мебандад ва исҳолро дафъ мекунад.
Ба қавле хӯрдани челони нимрасида барои бемориҳои ҷигар, гурда ва хичак фоида дорад.
Челонро дар арақи коснӣ як шабонарӯз тар карда ё дар он арақ ҷӯшонида, он арақро бо сиканҷабин биёшоманд, барои шаро (аллергия), нағзак (гулак), сурхича (сурхакон)-и сафровӣ дору мебошад; шиддати ҷӯшиши сафро ва хунро таскин медиҳад. Челонро як шабонарӯз дар гулоб тар карда, баъд он гулобро бо шакар биёшоманд, аксари бемориҳои номбурдаро шифо мебахшад, инчунин зарари шаробро дафъ мекунад ва кӯрьяраҳоро фоида дорад.
Миқдори як бор хӯрдан аз челон дар як рӯз то 50 адад аст. Ба ҷои ин сағпистонро истеъмол фармоянд, раво мебошад.
Вале хӯрдани челон ба меъдаи хунукмизоҷи тар зарар дорад, бодангез аст, хусусан аз ҳад зиёд бихӯранд, ин хислаташ бештар зоҳир мегардад. Давои ин зиёнаш шакар, мавизи тоифӣ ва гулоб хӯрдан аст. Инчунин хӯрдани челон маниро кам мекунад, бохро суст мегардонад. Ва давои ин зарарҳояш асал ва давоҳои қувватбахши бох хӯрдан аст.
Чун барги онро дар об ҷӯшонида, он обро соф карда,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор