Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

ҳар рӯз аз он то панҷ рӯз 150-граммӣ бо каме шакар пайдарпай биёшоманд, хориши баданро дафъ мекунад.

Барги хушкашро маҳин ос карда, бехта, бипошанд, решҳои хӯранда ва решҳои хабисаро хоҳ дар даҳон бошанд ва хоҳ дар узви дигар, шифо мебахшад — ин беҳтарин давоест ба шарте, ки аввал ба он ҷо асал бимоланду баъд бипошанд.

Чун пӯстлохи дарахти челонро маҳин соида, даруни решҳои раддӣ ва хабисаро аз он пур кунанд, онҳоро аз риму рутубат пок месозад ва шифо мебахшад — дар ин бобат давои беҳамто аст. Аррамайдаи чӯби онро биёшоманд, харошида шудани сатҳи даруни рӯда, хориши бадан ва кӯтурро дафъ мекунад. Агар инро гузошта банданд, устухони шикастаро ба ҳам пайваст менамояд ва агар инчунин устухон беҷо гашта бошад, ба ҷояш мебарад.

Шилмашро батанҳоӣ ба чашм бимоланд, ҳамаи бемориҳои онро шифо мебахшад; агар бо сирко сиришта бимоланд, барои шукуфаи пӯст дармон мешавад.

Барги тарашро бихоянд, забонро карахт ва беҳис мегардонад, бинобар ин пеш аз истеъмоли давоҳои исҳоловар онро мехоянд, то ки забон таъмҳои ногувори он давоҳоро ҳис нанамояд.

  1. Ангур

Маълум аст, ки ин самари дарахти ток мебошад. Беҳтарини он пухтарасида ва ширини он аст, ки аз ҷинси аскарӣ, соҳибӣ, риши бобо ва кишмиш аст. Баъд аз инҳо навъҳои дигараш мақом дорад.

Мизоҷаш гуногун аст бинобар ранг ба ранг будани навъҳои он. Мутлақан пухтаи он дар дараҷаи якум гарм ва тар аст; баъзеҳо бисёр ширини онро то дараҷаи дуввум гарм донистаанд.

Хислатҳои шифобахши он: ин беҳтарини меваҳо ба ҳисоб меравад ҳамчун ғизо ва пайдо кардани хуни солим; мизоҷҳои ғализро ба эътидол меоварад, хунро соф мекунад, моддаҳои савдовӣ ва сӯхтаро аз бадан дафъ месозад; ҳоли бади узвҳои даруни сина ва шушро ислоҳ менамояд, баданро фарбеҳ мегардонад; агар онро макида оби онро биёшоманду пӯсташро партоянд,

пешина
аз 702
навбатӣ