Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

чарбии гурдаро зиёд мекунад. Вале хӯрдани ин ба меъдаи тармизоч ва боднок зарар дорад ва инчунин дар он бодро ба амал меоварад — давои ин зиёнаш зира ва арпабодиён хӯрдан аст. Ва агар дар чигар ва сипурз гиреҳ пайдо шуда бошад, низ зиён мекунад, ба кӯлинчи бодӣ ва гурда низ зарарнок аст — дар ин мавридҳо тухми карафс бихӯранд, кифоя аст, ки ислоҳи зарар намояд. Инчунин дарунро мулоим ва хӯрандаашро ташна мекунад — дар ин ҳолат сиканчабин ва ғизоҳои турш истеъмол бояд намуд.

Агар ангур хӯрда, аз болояш оби хунук бинӯшанд, бағоят зарарнок аст: мумкин аст ба иллати истиско ва табҳои бадбӯ гирифтор намояд. Бояд ки ангурро баъди аз дарахташ ҷудо кардан дарҳол тановул накунанд, балки як-ду рӯз истода бошад, баъд бихӯранд ва инчунин мобайни ду таом, ки таоми аввал хӯрдашуда ҳазм ёбад, баъд онро бихӯранд. Ангури нав бодангез аст.
Агар пӯсти он андак пажмурда гардад, баъд бихӯранд, дар ғизоият қавитар мешавад назар ба анҷир, бодаш ҳам кам мебошад, баданро қувват мебахшад, фарбеҳ мекунад, хуни солимро зиёда менамояд; моддаҳои нодаркор ва зарарнокро пазонида, барои дафъ шудан муҳайё месозад; дарунро мулоим мекунад, барои беморони нимҷон ва ба касони аз беморӣ навхеста ва инчунин таби хунуки доимӣ гирандагон фоида дорад.

Оби ангур зуд нуфузкунанда ва ба тезӣ аз меъда гузаранда аст, барои бемориҳои узвҳои даруни сина ва шуш бисёр фоидабахш аст ва бояд оби онро макида, пӯсташро бипартоянд.

Мавиз, хусусан мавизи тоифӣ барои меъда, ҷигар, гурда ва мижак мувофиқтар мебошад.

Агар ангур баъди аз сараш чидан ду рӯз монда бошад, онро ва ё мавизашро бардавом бихӯранд, дардҳои меъда, рӯдаҳо ва мижакро шифо мебахшад.

Аз ангур равған ҳам тайёр мекунанд ба ин усул.
Оби ангурро бо равғани зайтун якҷо ҷӯшонида, обаш бухор шуда равад, баъд равғанро соф карда мегиранд. Ин равған бағоят гармкунандаи бадан, таҳлилдиҳандаи моддаҳои ғафс, гардонандаи варамҳо ва мулоимкунандаи пӯст аст.

Мизоҷи тухми ангур дар дараҷаи дуввум сард ва
ҳушк аст. Агар инро бихӯранд, бод пайдо мекунад, дарунро

пешина
аз 702
навбатӣ