Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

мебандад, пешоб ва маниро нигоҳ медорад, хусусан тухми ангуре, ки аз хуми сирко бароварда бошанд, дар ин бобат қавитар аст. Вале ин ба ҳичак ва гурда зарар дорад.

Мизоҷи пӯсти меваи ангур дар дараҷаи якум хунук ва хушк аст. Агар инро бихӯранд, аз меъда дер фуруд меояд, бод пайдо мекунад.

Пӯсти меваи ангурро сӯхта, ос карда бипошанд, пӯсти баданро ҷилво медиҳад, рутубатҳои чашмро хушк мегардонад ва аксари захмҳоро дар ҳар як узве, ки бошанд, хушк месозад.

Ангури хом ва ғӯраи он дар таъм тунҷ ва мизоҷаш хунук мебошад.

Хӯрдани ангури сурх, ки нисбатан турштар аст, аз меъда дер мефурояд, вале ба меъда қувват мебахшад. Аммо навъи сафеди он латиф ва аз меъда ба зудӣ поён фуруд меояд.

Хокистари чӯби токро бихӯранд, саниҳои гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад. Агар инро гузошта банданд, варамҳои сарди хояҳоро таҳлил медиҳад; дарди сар, дарди нимсар ва бавосирро шифо мебахшад.

  1. Сагангур

Ино дар як қатор маҳалҳо тоҷикон ангури сагак низ меноманд.

Дар сарзамини республикаҳои Осиёи Миёна ва Қазокистон сагангури табиӣ ду навъ аст: самараш сиёҳ ҳангоми пухтан ва зарди сурхтоб. Барои ба дарун истеъмол кардан ва давогӣ сагангури самараш рангин, яъне зарди сурхтобаш зиёдтар ба кор меравад. Вале навъи самараш сиёҳи он нисбатан камтар истеъмол мегардад.

Мизоҷи сагангури бӯстонӣ, яъне мевааш рангини он дар дараҷаи дуввум сард ва хушк аст; мизоҷи мевааш сиёҳи он дар дараҷаи саввум сард ва хушк мебошад.

Хислатҳои шифобахши он: навъи рангини он. Баргашро хуб кӯфта ба сар гузошта банданд, дарди сарро таскин ва варами пардаҳои майнаро таҳлил медиҳад. Инчунин онро дар об ҷӯшонида, он обро кам-кам

пешина
аз 702
навбатӣ