Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
ва бардавом ба сар бирезанд, низ ҳамин гуна таъсир дорад.
Инро сӯхта, дудашро дар бинӣ бигиранд, назлаҳоро дафъ мекунад.
4.5 грамм решаҳои борики онро бо шароб биёшоманд, хоб меоварад.
Решаашро кӯфта, бар баногӯш гузошта банданд, варами онро таҳлил медиҳад.
Оби барги онро нимгарм чанд маротиба чаконанд, бемориҳои гӯш ва биниро шифо мебахшад.
Усораи барги ҳар ду навъи инро, яъне оби баргҳои сагангури рангин ва сиёҳи онро дар офтоб ғафс гардонида, баъд чаконанд, беист рафтани обро аз чашм дафъ мекунад ва чашмро қавӣ мегардонад. Ва оби растании ҳамаи навъҳои сагангурро бичаконанд, захм ва осеберо, ки ба чашм расида бошад, шифо мебахшад.
Бо оби баргаш ғарғара кунанд ё он обро дар даҳан гардонанд, варамҳои халкро таҳлил ва дарди дандонро таскин медиҳад.
Барги сагангурро кӯфта, аз рӯ гузошта банданд, варами меъдаро таҳлил ва тафси онро таскин медиҳад, инчунин барои варамҳои дигари гарм ва тафсидани узвҳои гуногун дармон мешавад.
100 грамм оби сагангури самараш рангинро бо шакар биёшоманд, варамҳои ботиниро таҳлил медиҳад ва бемориҳои узвҳои даруни шикамро шифо мебахшад; ахлоти сафровиро бо исҳол дафъ мекунад, дарди рӯдаҳоро ба ибро меоварад, рафтани дарунро, ки аз гармӣ бошад, манъ месозад; варами гарми мақъад ва истисҳои гарммизоҷро таҳлил медиҳад. 50 грамм оби онро бо оби арпабодиён ва оби коснӣ бардавам бинӯшанд, ҳам, чунин таъсирро дорад.
Бо оби он ҳуқна (клизма) кунанд, девонагӣ ва шаро (аллергия)-ро дафъ мекунад, рӯдаҳоро аз модда ва чизҳои бегона пок мегардонад бинобар исҳол овардан.
Пахтаи покизаро дар оби он тар карда, занҳо аз таг бардоранд, беҷо равон шудани ҳайз ва рутубатҳои бемавриди бачадонро қатъ мекунад. Агар ҳамин тавр пахта ё латтаи покизаро дар оби он тар карда, дар сӯрохи пушт бардоранд, ихтиломро, яъне дар хоб шайтонӣ шуданро манъ мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор