Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Тӯхми сагангури сиёҳро биёшоманд, пешобро меронад, сангҳои гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад, барои бадан салқинӣ мебахшад, инчунин ихтиломро дафъ мекунад.

Оби самари сагангури рангинро биёшоманд, варамҳои гарми ботиниро таҳлил медиҳад. Агар ҳар навъи гиёҳи онро кӯфта, гузошта банданд, варамҳои гарми берунӣ ва даруниро таҳлил медиҳад; сӯхтагии оташ, захми обила, решҳои даванда, саратони решгаштаро (хусусан бо орди ҷав) сиришта банданд, шифо мебахшад. Агар инро бо равғани гулисурх сиришта гузошта банданд, сурхбод ва мӯрчагазакро ба ибра меоварад. Ба ҳамаи инҳо илова намоем, ки агар оби гиёҳи инро, яъне сагангури рангинро биёшоманд, низ варамҳои гарми ботиниро таҳлил медиҳад.

Ба дарун истеъмол кардани сагангур барои ҳичак зарар дорад — давои ин зиёнаш қанд хӯрдан аст.

Миқдори як бор ошомидан аз гиёҳи хушки он дар як рӯз то 23 грамм ва агар дар об ҷӯшонида, оби онро нӯшиданӣ бошанд, 45 грамми онро андозанд ва аз оби баргаш то 100 грамм нӯшидан раво мебошад.

Огоҳ кунем, ки оби ҷӯш надодаи он ҳангоми нӯшидан башиддат қай меоварад.

  1. Санҷид

Ин дарахт ва меваи маълум аст. Ду хел мешавад: санҷиди зоғак ва оддӣ. Навъи оддии онро дар боғот парвариш мекунанд. Қувваташ то ду сол боқӣ мемонад.

Мизоҷаш дар дараҷаи якум сард ва дар дуввум хушк аст, вале хушкӣ дар хоми он зиёдтар мебошад.

Хислатҳои шифобахши он: ин қувватбахш ва фараҳовар мебошад.

Хӯрдани санҷид барои дарди саре, ки дар натиҷаи ба сар баромадани бухорот аз меъда ва дигар узвҳои поёни бадан бошад, шифо мебахшад; сурфаи гармро таскин медиҳад, меъдаро қувват мебахшад ва қуввати нигоҳдорандагии онро меафзояд, инчунин бофти ин узвро мустаҳкам мекунад; иллати қай карданро таскин

пешина
аз 702
навбатӣ