Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
медиҳад, шиддати сафроро мешиканад, ба меъда баромадани бухорҳои зарарнок ва рехта шудани моддаҳои бегонаро манъ мекунад. Агар санҷиди хомро бихӯранд, беҷо равон шудани рутубатро аз ҳар як ҷои бадан, ки бошад ва инчунин исҳолро манъ мекунад.
Ордакашро бихӯранд ҳам, ҳамин гуна таъсир дорад; харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳоро ки сабабаш бисёр гаштани сафро бошад, шифо мебахшад, бисёр омадани пешоб ва чакмезакро ба ислоҳ меоварад; ордаки санҷида хӯронидан ба кӯдакон бисёр хуб аст, зеро ки ин барои мизоҷи онон бисёр форам мебошал.
Миқдори як бор хӯрдан аз санҷид дар як рӯз то 50 адад мебошад.
Гули санҷид сафед ва моил ба зардӣ, бисёр хушбӯй аст.
Мизоҷи ин гулаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: ин барангезандаи шаҳвати боҳ аст хусусан дар занон. Бинобар ин духтарони наврасро аз бӯидани гули санҷид манъ менамоянд.
Бӯидани гулаш низ фарах меоварад. Дил ва майнаро қувват мебахшад. Агар бихӯранд, барои бемориҳои вобаста ба майна, монанди: фолич ва кузоз (столбняк) дору мебошад; майна ва дилро қавӣ мегардонад. Инчунин хӯрдани гули он дамкӯтаҳӣ ва захми шушро сиҳат мекунад, меъда ва ҷигарро қувват мебахшад, гиреҳҳоро мекушояд, бодҳоро таҳлил медиҳад; истисқо (водянка), зардпарвин ва ларзи табҳоро дафъ мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз гули санҷид 4,5 грамм аст.
Агар барги санҷидро ба ҷароҳат ва захмҳо гузошта банданд, ба рим меоварад, рими онро пок месозад ва сиҳат мегардонад, ки ба давои дигар хоҷат нест.
Агар барги тараш набошад, барги хушкашро ҳам ба кор баранд, равост.
Аз санҷид равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ.
Баргҳои санҷидро дар равған то муҳарро шуданаш меҷӯшонанд. Ин равғани санҷид ҳисоб меёбад. Молидани ин барои буғум ва пайвандҳои бадан, суст ва нотавон гаштани аъзо даво мебошад, мӯйро дароз мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор