Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Ин дарахт дар кӯҳсор, саҳроҳои пуштазамин ва ғайра месабзад. Аз ин як сол самари писта ва як сол бузгунҷ ба ҳам мерасад.

Мизоҷи мағзи писта дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст, вале баъзеҳо тар донистаанд — ин саҳеҳтар аст.

Хислатҳои шифобахши он: мағзи самарашро бихӯранд, зеҳнро тез мегардонад, ҳолати майнаро сара нигоҳ медорад; сурфа, дилтапак (дилбозӣ), қай, беҳузур (беҷо) шудани дил, дарди рӯдаҳо ва сардии ҷигарро дафъ мекунад; гиреҳҳои ҷигар, маҷроҳои ғизо ва заҳраро мекушояд, ҷигарро аз моддаҳои бегона пок месозад ва дарди ин узвро, ки аз тарӣ бошад, ба ибро меоварад. Писта ҳамчун ғизо камқувват аст, вале агар инро бардавом бихӯранд, баданро фарбеҳ мекунад, меъда ва сари онро қувват мебахшад; хусусан бо пӯсти беруни он якҷо бихӯранд, лоғарии гурда ва зардпарвинро дафъ мекунад, иллатҳои сипураро бартараф менамояд ва барои газидани ҷонварони заҳрнок тарьёқ мебошад. Пистаро бо шакар бихӯранд, таъсири ҳавои вабоиро ислоҳ мекунад.

Мизоҷи пӯсти сабзи беруни он сард ва хушк аст. Агар онро бихоянд, милк ва дандонро мустаҳкам мегардонад, даҳанро хушбӯй мекунад, ҷӯшиши (пухтани) даҳанро шифо мебахшад.

Пӯсти сабзи беруни онро кӯфта бихӯранд, дил ва меъдаро бағоят қувват мебахшад, пашмакҳои меъдаро қавӣ мегардонад; қай, оруғ, исҳол ва ташнагиро дафъ мекунад; агар бо шароб бихӯранд заҳри каждум ва дигар ҷонваронро дафъ месозад.

Пӯҷоқи сафеди сахти онро дар об ҷӯшонида, дар он об то ноф даромада нишинанд, мақъади (кӯтани) баромадаро ба ҷояш мебарад.

Пӯсти дарахт ва барги онро дар об ҷӯшонида, он обро кам-кам ва бардавом бирезанд, назлаҳоро банд менамояд, дарди мақъад ва бачадонро шифо мебахшад, кӯтур ва хоришро ба ибро меоварад, шапушро ҳам нест мегардонад. Агар бо ҳамин об бо мудовамат мӯйро бишӯянд, васвос, моддаи савдовӣ ва инчунин заҳрро аз бадан дафъ мекунад.

Мағзи пистаро бисёр бихӯранд, ба меъда зарар дорад.

пешина
аз 702
навбатӣ