Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Равганаш ё магзашро бардавом бихӯранд, низ ба узвҳои поёни бадан зарар дорад — давои ин зарарҳояш зардолу хӯрдан аст.

Ба ҷои писта магзи бодоми ширинро ва ним баробари вазни он магзи чормағзро бихӯранд раво мебошад.

Агар пистаро бисёр бихӯранд, иллати шароро (алллергияро) пайдо мекунад. Дар ин ҳолат сирко, анори турш ва зардолуи хушк бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меёбад.

  1. Замбӯруғ

Инро дар як қатор маҳалҳо тоҷикон корҷ ҳам мегӯянд. Ин растаниест, ки дар заминҳои намнок баъди боришҳо ба шакли телпак медамад. Навъҳои бисёр дорад: хӯрданбоб ва заҳрнок. Хӯрданбоби онро корҷ меноманд.

Хуллас, ҳар як корҷ часпак набуда, бӯи бад надошта, сафеди моил ба андак тирагӣ бошад ва дар заминҳои ғайри шӯразор бирӯяд — хӯрокӣ, яъне хӯрданбоб аст. Сиёҳ ва сурхи онро намехӯранд, зеро бисёр заҳрнок аст. Инчунин дар зери дарахтони анҷир, чормағз ва дар саргинҳо рӯидааш ҳам заҳрнок мебошад.

Фарқ кардани корҷ ва замбӯруғи заҳрнок бо ин аломатҳост: агар навъи заҳрнокро бурида бигузоранд, зуд вайрон ва бадбӯ мегардад ва инчунин ҳар чиро, ки бар он бимоланд, онро вайрон ва мурдор месозад. Вале дар корҷ ин хислат мавҷуд нест.

Мизоҷи корҷ дар дараҷаи саввум сард ва тар аст.

Хислатҳои шифобахши он: агар корҷро бисёр бихӯранд, карахтӣ меоварад, ба иллатҳои фолич ва сакта (мурда барин беҳаракат мондан) гирифтор мекунад. Аз ҳад зиёд бихӯранд, шошиданро душвор мегардонад. Ва агар аз ҳама зиёдтар ва бардавом бихӯранд, наслро қатъ менамояд.

Корчи хушкро кӯфта, бо елими моҳӣ хамир сохта гузошта банданд, ҷурраро (даббаро), ки аз даридани пардаҳои шикам ё фуромадани об ва ё ҷамъ шудани бод дар ҳояҳо бошад, шифо мебахшад, нофи беруномадаро ислоҳ менамояд.

Корчи тару тозаро ба чашм кашанд ё оби онро дар чашм чаконанд, гули чашмро дафъ мекунад, чашмро

пешина
аз 702
навбатӣ