Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

қувват мебахшад, кӯтури пилки чашм ва худи чашмро шифо мебахшад, фуромадани зардобро ба гавҳарақ манъ мекунад, хусусан чун сурмаро дар оби он парварда, яъне як шаб дар он об тар карда, баъд ба чашм кашанд, дар ин бобат қавӣ мегардад.

Агар қорчро бихӯранд, дер ҳазм мешавад, аз он моддаи ғализ ва бадбӯ пайдо мегардад. Агар инро бисёр бихӯранд, исҳол меоварад, вале агар дар шикам бӯи бад пазирад, худаш ҳам зуд ва беҳад бадбӯ мегардад, дар узвҳо гиреҳ, дарди меъда ва кулинчро ба ҳам мерасонад.

Хушкашро соида бихӯранд, ҳамаи намудҳои исҳолро ба ғайр аз исҳоли хунин, манъ мекунад. Беҳтарин ислоҳкунандаи зарари қорч ҳардал (горчица); бо намак, шибит, пудина, равғани кунҷид, равғани зайтун, кокутӣ ва мурч пухта, бо ноки тару тоза ё ноки хушк хӯрдан аст.

Қорч хӯрда, аз болояш оби хунук бинӯшанд, ҳамчунин онро бо тухми мурғ ё бо гӯшт хӯрдан зарар дорад.

Яке аз хусусиятҳои он чунин аст, ки ҳар як ҷонвари заҳрнок касеро, ки қорч хӯрда бошад, бигазад, ҳанӯз он қорч дар меъдаи ӯ бошад, барои наҷоти вай ҳеҷ давое фоида намебахшад.

Чун касе замбӯруғи заҳрнок хӯрда бошад, арақи сард мекунад, нафасаш танг мегардад, беҳуш ва меъдааш вазнин мешавад, кулинч ва гулӯгиршавӣ ба ҳам мерасад ва инчунин аъзошиканӣ, ки аз аломатҳои он аст, ҳодис мегардад. Тарёқи ин гуна зарараш турб, оби пудина, танакор, намак, сиканҷабин бо пудинаи кӯҳӣ (кийикӯтӣ), саргини чӯҷахурӯс бо сиканҷабини ансуль ё хокистари чӯби анҷир, ё оби гарм бо андак сирко, намак, чӯҷаи мокиён ё бо сирко ва ё асали бисёр хӯрдан аст.

  1. Ток

Ин дарахти ангур аст.

Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум сард ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: навдаҳои навраси онро бихӯранд, баромадани бухоротро ба майна манъ мекунад.

Барг, навда ва печаки онро кӯфта, бо орди ҷав хамир

пешина
аз 702
навбатӣ