Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

сохта гузошта банданд, дарди сари гарм ва сӯзиши чашмро таскин медиҳад, инчунин варамҳои гарми онҳоро таҳлил медиҳад.

Усораи барги онро, яъне оби барги тарашро дар офтоб ғафс гардонида биёшоманд, меъдаи гармро қувват мебахшад, қай ва хун қай карданро манъ мекунад, хуморро мешиканад, барои захми рӯдаҳо ва исҳоли сафравӣ дору мешавад. Агар бо он хуқна кунанд ҳам, ҳамин гуна таъсирро дорад. Инчунин хӯрдани усораи ин пешобро меронад ва бачаи занони ҳомиларо аз афтодан бозмедорад.

Шарбати навдаҳои тари онро, ки бо қанди сафед қивом карда бошанд, бихӯранд, дилтапакӣ (дилбозин)-и сафровиро шифо мебахшад, иштиҳоро ба таом бедор мекунад, хуморро мешиканад, ҷӯшиши сафро ва беҳузур шудани дилро таскин медиҳад, исҳоли моддаҳои рақиқи сафровиро мебандад.

Вале хӯрдани ин ба одамони сурфа доштагӣ зарар дорад — давои ин зиёнаш асал хӯрдан аст.

Шилм ва оби ғафсгаштаи он бисёр поккунанда ва хушкмизоҷ аст. Инро бо шароб биёшоманд, сипурзро ба дараҷае пок мегардонад, ки ҳатто ёфтани он амри муҳол аст; санги пешобро майда карда мерезонад. Агар онро гузошта банданд, шукуфаи пӯст ва кӯтури решгаштаро дафъ мекунад. Онро бо равғани зайтун сиришта, батакрор бимоланд, мӯйро месӯзонад.

Оби чӯбашро, ки ҳангоми сӯхтан таровиш мекунад, бимоланд, озахҳо, мӯрчагазак, доғи кунҷидак, шукуфаҳои пӯст ва кӯтурро дафъ мекунад, инчунин мӯйро месӯзонад, хусусан бо мавизи ангур сиришта бимоланд, таъсираш зудтар зоҳир мегардад.

Ҳокистари чӯб ва аррамайдаи шохҳои он сӯзонанда аст. Онро бо сирко хамир сохта гузошта банданд, бавосирро дафъ мекунад; бо равғани гулисурх ва сирко сиришта гузошта банданд, низ бавосирро нест мегардонад; бо равғани гулисурх ва судоб даромехта гузошта банданд, варами сипурзро таҳлил медиҳад. Ҳокистари шохҳои онро бо равғани кӯҳла ва равғани зайтуну асал хамир сохта гузошта банданд, даридагии мушакҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад, буғумҳои сустро мустаҳкам мегардонад, асаби шахшударо мулоим мекунад; бо танакори сурх даромехта гузошта банданд, гӯшти ҳароми захмҳоро мехӯрад; бо сирко

пешина
аз 702
навбатӣ