Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
меъда хом мегардонад, моддаи бод, карӯкур ва дарди тиҳигоҳро пайдо мекунад ва агар бодиринг дар меъда вайрон гардад, моддаи захнокро ба амал меоварад. Бодирингро бо таом ва баъд аз таом бихӯранд, хусусан бо ошҳои ҷуғрот дошта ва оши сиркодор бихӯранд, зарар мекунад. Дар ин мавриди агар ба гарммизоҷон зарар кунад, сиканҷабин бояд бихӯранд, вале агар ба касони хунукмизоҷ зиён кунад, мавизи ангур ва асал бояд бихӯранд, ки ислоҳи зарари он намояд.
Тухми бодиринги норас, яъне сабзи сабукҳазми форам, вале гӯшти он боднок, вазнин ва дерҳазм аст. Тухми бодиринги расидаи пири он сардтар, тарнаш бештар аст. Ин дар манфиатҳои зикршуда ва паст гардонидани ҳарорат ва тафси сафро, ташнагӣ ва равон кардани пешоб ва ғайраҳо болиғтар, яъне манфияташ зиёдтар аст, аммо зуд вайроншаванда мебошад.
Тухмашро кӯфта гузошта банданд, сӯзиши меъда ва дигар узвҳои шикам ва даруни синаро таскин медиҳад, варамҳои гармро ба таҳлил мебарад; барои кӯтур, хушк шудани пӯст, шаро (аллергия), хориши бадан, мулоим кардани пӯст дору мешавад ва шахшӯлию дағалии онро дафъ мекунад. Агар инро ба зери ноф гузошта банданд, пешоби бандшударо мекушояд, душвор шошиданро ислоҳ мекунад, пешобро бошиддат ҷорӣ месозад (хусусан дар кӯдакон). Барои бемориҳои номбурда тухми бодиринги талх қавитар таъсир дорад назар ба ширини он. Агар инро бо танакор якҷо кӯфта ё бо асал сиришта гузошта банданд, варамро таҳлил медиҳад. 10,5 грамм аз тухм ё пӯсти хушкардаи он бихӯранд, зоиданро осон мекунад, вале хӯрдани он барои занони ҳомила зарар дорад.
Мизоҷи тухми бодиринг назар ба тухми тарра хунуктар ва барои табобат беҳтар аст, инчунин нисбат ба он дер вайрон мешавад. Агар инро бихӯранд, савдои дар як ҷо мондаро ба ҷунбиш меоварад, пешобро равон мекунад, сафрои сӯхтаро бо воситаи пешоб дафъ месозад; барои дарди шуш ва захми он, сӯзиши пешоб (сӯзок), варами ҷигар ва сипурзи гарммизоҷ ва инчунин табҳои гарм шифо мебахшад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухми бодиринг дар як рӯз то 17,5 грамм аст.
Аз бодиринг равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Оби бодиринги пири расидаи тӯрбастаи онро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор