Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

гирифта, дар зарфе бо равғани кунҷид ё равғани зайтун, ки баробари оби бодиринг бошад, бо оташи мулоим меҷӯшонанд, то об тамоман бухор шавад ва равған бимонад. Аломати батамом бухор шуда рафтани об он аст, ки равған аз ҷӯзиш мемонад. Вале эҳтиёт кунанд, ки равған доғ нагардад.

Молидан ва ошомидани ин равған барои бехобӣ, хушкии майна, дарди рӯдаҳо аз ҷамъ шудани сафро, сил ва табҳои гарм даво мешавад.

Бодирингро дар хамири орди ҷав гирифта, аз болояш лой печонида, дар танӯри гарм бипазанду баъди пухтан фишурда оби онро ҳосил карда бинӯшанд, барои ҳамаи бемориҳои аз гармӣ баамаломада, табҳои тези сафровӣ ва иллати дик, ки беморро тамоман лоғар мегардонад, даво мебошад.

Хӯрдани бодиринг барои меъда аз пӯст ҷудо кардааш беҳтар аст назар ба он, ки пӯсташро пок карда бошанд. Зеро агар пӯсти онро пок карда бихӯранд, боднок ва дар меъда муддати дароз мемонад.

Вале бодирингро бо шир бихӯранд, бисёр бад аст ва агар одамони хунукмизоҷ онро бо шир бихӯранд, ба иллати фолич (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ) гирифтор мегарданд.

  1. Гелос ва олуболу

Ин меваҳои маълум. Меваи гелоси пухтагӣ калонтар аз олуболу, рангаш ба сурхӣ моил мебошад, навъи зардаш ҳам вуҷуд дорад. Вале олуболу бошад, сурхи кабудтоб мегардад, ҳатто ба ранги хун аст.

Мизоҷи самари олуболуи пухтагӣ дар дараҷаи дуввум сард ва тар аст; вале мизоҷи гелоси пухтагӣ дар дараҷаи якум гарм ва тар аст.

Хислатҳои шифобахши он: агар гелосро бихӯранд, бинобар рутубати часпак доштанаш аз меъда зуд мефурояд: барои дағалии ҳалқ ва шуш даво мешавад, агар аз боло таом бихӯранд, бадҳазмӣ меоварад ва меъдаро заиф мегардонад, инчунин агар аз боло таом бихӯранд, ҳар моддае, ки дар меъда бисёр бошад, ин низ ба мизоҷи ҳамон табдил меёбад. Дар вақти рӯй додани ин гуна ҳол чизҳои ҳазмкунандаи таоми гарм-мизоҷи қувватбахш бояд хӯрда шавад; инчунин ин дарунро

пешина
аз 702
навбатӣ