Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
меронад, шикамро мулоим мекунад (хусусан бо донакаш хӯрда шавад), вале дар айни ҳол баҳракатоварандаи олати мардӣ низ мебошад. Агар хушкашро бихӯранд, дарунро мебандад.
Олуболуро бихӯранд, ташнагиро мешиканад, тезӣ ва ҷӯшиши сафро ва фишори баланди хунро паст мекунад; беҳузур (беҷо) шудани дил, қайи сафровӣ ва исҳолро дафъ мекунад, меъда ва ҷигари гармро қувват мебахшад. Қуввати бандкунандагии син дар хушкии он зӯҳда аз тари он мебошад.
Аз донакаш шира кашида, бо даҳяк ҳиссаи он арпабодиён бихӯранд, санги гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад, захми роҳи пешобро, яъне сӯзокро шифо мебахшад, ҳайзи бандгаштаро ҷорӣ мекунад.
Чун мағзи тухми онро бо паҳтакӯҳна якҷо кӯфта, фатилаҳои борик сохта, дар сӯрохи закар гузоранд, захми роҳи пешобро сиҳат мекунад ва он захмро аз олонҳшо пок мегардонад, дар пешоб рим омадан ва сӯзиши пешобро шифо мебахшад.
Мизоҷи шилми ҳар дуи ин дарахт гарм ва хушк аст ва дар хислат монандӣ шилми олу мебошад. Хусусияти поккунандагӣ дорад, часпак аст, аҳлоти часпакро меканад. Инак, барои дағалии қасабаи шуш, яъне роҳи нафас, неку гардондани ранги рухсор ва барангехтани иштиҳо даво мебошад, санги гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад. Зеро агар дағалии узвҳои даруни сина аз хушкӣ бошад, бо часпандагии худ шифо мебахшад ва балғами часпакро аз он меканад, пок мегардонад ва барои сурфаи кӯҳна даво мебошад, шарташ ҳамин, ки инро бояд бо оби хунук биёшоманд.
Миқдори як бор хӯрдан аз шилми ҳар дуи ин дарахт дар як рӯз 4,5 грамм аст.
Ин шилмро маҳин соида, чун сурма ба чашм кашанд, нури чашмро тез мекунад ва кӯтури онро дафъ месозад.
Агар ин шилмро дар об ҳал карда бимоланд, башараро пок мегардонад.
- Кадуи талх
Инро дар як қатор маҳалҳо тоҷикон чӯбкаду низ мемонанд. Каду талх монандӣ кадӯи хӯрокӣ гӯшт надорад, балки фақат аз пӯсти дарунхолӣ иборат буда,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор