Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
дар даруни он аз қисми поёнаш тухмҳо дорад. Намудаш гуногун аст: монандӣ қафлези кулӯлаи дастадор, ба шакли муруд, вале хеле азим ва ғайра. Растаниаш монандӣ қадуи ширин биёрадор аст. Фарқ дар он, ки пашмакҳои барги қадуи талх монанди баргҳои қадуи хӯрокӣ шахшӯл нест, балки нарм ва суфта мебошад.
Мизоҷаш бисёр гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: одатан инро намехӯранд. Ва агар камтареро аз он бихӯранд, қайи башиддат меоварад. Агар ҳамин тавр кай намоянд, зиқ-ун-нафасро, ки сабабаш сардӣ ва тарӣ бошад ва ҳатто кӯҳна шуда бошад ва инчунин сурфаи тари қадимаро шифо мебахшад.
Оби гулашро дар бинӣ чаконанд ё бирезанд, зардпарвин, бемориҳои тармизоҷ ва иллатҳои майнаро сиҳат мекунад.
Мизоҷи решааш ҳам гарм ва хушк аст.
Агар решаи инро кӯфта гузошта банданд, варамҳои хунукро таҳлил ва дардҳои аз сардӣ баамаломадаро таскин медиҳад.
Қадуи талхи хушкшударо бикафонанд, дар миёни сари гардани он пардае монанди пардаи тортанак мавҷуд аст. Онро бароварда, маҳин ос карда, андакеро аз он дар бинӣ бирезанд, зардпарвинро, ки чашму рухсораҳо — ҳама зард гашта бошанд ва аксари бемориҳои майна ва рутубиро бо воситаи ихроҷ кардани рутубат ва балғамҳои зарди бисёр аз бинӣ ва аз чашм дафъ мекунад, шифо мебахшад.
- Қаранфули гарда.
Инро дар як қатор мавзеъҳо тоҷикон қалампурмӯлҷоқ ҳам меноманд бо як андоза таҳриф. Дарахташ дар ҳаҷми бутта, дар як қатор кӯҳистонҳои Осиёи Миёна низ мерӯяд ва ҳосил медиҳад. Вале муаллифони китобҳои «Махзан-ул-адвия» ва «Муҳити аъзам» дар он ақида мебошанд, ки гӯё ин дарахт дар яке аз ҷазираҳои Зербод мерӯяд ва дар ҷои дигар намебошад. Ин албатта фикри маҳдуд аст. Шохҳояш ҳамида, баргҳояш монанди баргҳои анор, вале аз он мулоим ва калонтар. Самараш бандноки дарозак ва сараш кубба дорад. Самараш ду навъ: нар ва мода. Нари он нисбатан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор