Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
калонтар, ғуборолуд, камрангубӯй ва камтаъм аст. Модаи он резатар ва хушбӯй, рангин ва барои даво қавӣ, ки мо алҳол онро мебинем.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: ин аз ҳама пеш хусусияти тарёкӣ дорад, ҳангоми хӯрдан фараҳ меоварад.
Агар инро бихӯранд, рӯҳҳои нафсонӣ, ҳайвонӣ ва табииро қувват мебахшад; узвҳои раисаро, ки иборат аз дил, майна, ҷигар, меъда, гурда ва хояҳо мебошанд, мустаҳкам мекунад ва онҳоро дар ҳолати сарагӣ нигоҳ медорад; барои қувват бахшидани мағзи сар, тез кардани зеҳн, равшан ва қавӣ гардонидани фикр дармон ва воситаи хубест: дарди сари аз сардӣ ва тарӣ, фолич, каҷ шудани рӯй (барои ин агар дар бинӣ бирезанд), назлаҳои пай дар пай (агар дар бинӣ кашанд) ва сакта (мурда барин беҳаракат мондан)-ро дафъ мекунад; гиреҳҳои мағзи сарро мекушояд (агар дар бинӣ кашанд) ва дигар бемориҳои сардиизоҷ ва тари савдовии вобаста ба майна ва асабҳо бошанд, шифо мебахшад. Барои касони савдовимизоҷ ва одамоне, ки дар мизоҷи онҳо савдо бисёр гашта бошад, хеле давои хуб ва бебадалест.
Қаранфули гарданро бихоянд, милки дандонро мустаҳкам мекунад; дарди дандонҳо, ки аз хунукӣ бошад, таскин медиҳад; бадбӯии даҳонро дафъ мекунад ва боиси хушбӯии ин узв мегардад.
Онро маҳин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, чашмро қувват мебахшад ва биноии онро зиёда мегардонад; сурхӣ ва пардаи афтодаеро ки чашмро торик месозад, дафъ мекунад. Инчунин хӯрдани он ҳам барои ин бемориҳо чунин хосиятро дорад.
Инро кӯфта бихӯранд, сурфаи тари аз хунукӣ, зикун-нафас (астма)-и кӯҳнаи тар, дилтапак (дилбозӣ)-и
аз сардӣ, тарс, хавф, васвос, девонагӣ ва ғайраро шифо мебахшад, дар хӯрандааш шуҷоат пайдо мекунад. Низ агар инро бихӯранд, меъдаро қувват мебахшад: узвҳои ҳозимаро, ки иборат аз меъда, рӯдаҳо, ҷигар ва сипурз мебошанд, гурдаи сард, бачадон ва бохро қавӣ мегардонад, барои бадан гармӣ медиҳад ва
бемориҳои аз сардӣ ҳодисшудаи узвҳои номбурдаро
дафъ мекунад; оруғ ва ҳиккакро таскин медиҳад, бодҳои ғализи аз ғизоҳои бадҳазми часпак пайдошударо
таҳлил медиҳад, истискои (водянкаи) гӯштиро шифо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор