Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

мебахшад; чакмезак ва бенихӯр равон шудани пешоб, иллатҳои балғамӣ, савдовӣ ва исҳоли руғубир ба ибро меоварад. Агар инро занҳо аз таг бардоранд, ҳамаи бемориҳои ҳодис аз сардии бачадонро шифо мебахшад.

1,75 грамми онро кӯфта, бо шири навдӯшида бо мудовамат, яъне ҳар рӯз ҳамин миқдор бихӯранд, боҳро бағоят ба ҳаракат меоварад; агар 3,5 грамми онро кӯфта, занҳо дар рӯзҳои покӣ аз ҳайз бихӯранду мубошарат кунанд, боиси ҳомила шудани онҳо мегардад, бачадонро гарм мекунад.

Қаранфули гарданро кӯфта, бар пеши сар гузошта банданд, бемориҳои вобаста ба майнаро ҳар навъ, ки бошанд, яъне хавф, тарсончакӣ, васвос ва девонагиҳои гуногунро шифо мебахшад; ва агар ба узвҳое, ки аз сардӣ дард мекарда бошанд, гузошта банданд, дарди онҳоро таскин медиҳад; ба варамҳои хунук бибанданд, онҳоро мегардонад.

Қаранфули гарданро хоида, бо оби даҳан якҷо пеш аз муҷомаат бар закар гузошта банданд, баъд аз муддате кушода, онро дур карда, бо зан муҷомаат кунанд, лаззати ҳар ду ҷонибро меафзояд.

Хӯрдани қаранфули гардан ба гурда ва рӯдаҳо зарар дорад. Дар ин маврид шилми бодомҳоро бихӯранд, ислоҳи зарари он менамояд.

Миқдори як бор хӯрдан аз ин дар як рӯз то 4,5 грамм аст. Ба ҷои қаранфули гардан ба ҳамин вазн дорчиниро истеъмол фармоянд, равост.

Агар қаранфули гарданро бо шакар қивом карда, шарбат тартиб диҳанд, ошомидани ин ҳамаи бемориҳои шадид ва душворилоҷро шифо мебахшад, дар ин бобат ба худ назир надорад.

Аз қаранфули гардан равған ҳам тартиб медиҳанд ба ин усул. Миқдореро аз қаранфули гардан, яъне мувофиқи хоҳиш бигиранд, ба 300 грамми он 25 грамм намак дохил намоянд, дар шаш баробари вазни қаранфул оби гарм тар карда, муддате дар ҷои гарм гузоранд, то ки ба ҷӯш ояд ё дар саргини асп гӯр кунанд, то биҷӯшад. Баъди он, ки ба ҷӯш омад, дар анбик муқаттар намоянд. Дар вақти тактир кардан оби муқаттар (дистилляция шудан) равған ҳам аз анбик фуруд меояд. Ин равғанро аз рӯи об бардошта, дар шиша нигоҳ доранду вақти ҳоҷат истеъмол намоянд.

пешина
аз 702
навбатӣ