Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Мизоҷи равғани қаранфули гардан дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст. Агар аз ин миқдор камакак биёшоманд, ҳамаи бемориҳои аз сардӣ баамаломада, иллатҳои ҷигар, меъда, дил ва рӯдаҳоро, ки аз сардӣ бошанд, шифо мебахшад; рӯҳи нафсониро, ки манбааш майна аст, рӯҳи ҳайвониро, ки марказаш дил мебошад, рӯҳи табиӣ, ки мақомаш ҷигар аст — ҳамаашро қавӣ мегардонад ва барои тамоми иллатҳои савдовӣ, ки иборат аз тарс, хавф, васвос, тарсончакӣ, серфикрии, девонагӣ ва ғайраанд, шифо мебахшад. Қуввати ин равған аз равғани баласон камӣ надорад. Нӯшидани ин барои ҳамаи бемориҳои майна ва камқувватии чашм дору мебошад. Инро ба чашм бимоланд, заҳдоби дар гавҳараки чашм фуромадаго, ки кӯҳна шуда, ҳатто чашмро нобино гардонида бошад, низ шифо мебахшад ва инчунин ба ҳамаи дард ва иллатҳое, ки қаранфули гардан дору мешавад, равғанаш боз ҳам аз ин афзалтар шифо мебахшад.
- Судоб
Ин растанӣ се навъ аст: бӯстонӣ, даштӣ ва кӯҳӣ. Гиёҳи бӯстонии он то якуним метр баланд мешавад, пуршох аст. Баргаш реза, бадбӯ, бисёр сабз, гӯё бар он ғуборе нишаста бошад. Гулаш зард, тухмаш дар ғилофе се адади ба якдигар пайваста, сегӯша аст. Аз ҳама беҳтарини онҳо сабзу тари тоза ва тундбӯй, ки ба дарахти анҷир наздик рӯида бошад. Ин растаниро ба забони русӣ рута меноманд. Дар мамлакати мо навъи боғиашро дар нимҷазираи Крим низ парвариш мекунанд.
Мизоҷи бӯстониаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст; мизоҷи тару тозаи он дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк мебошад.
Ҳислатҳои шифобахши он: баъзе бузурговорони тиб гуфтаанд, ки хӯрдани судоб ақлро зиёда вале маниро бадбӯ мегардонад, барои дарди гӯш фоида дорад.
Ин хусусияти тарёкӣ дорад. Агар бихӯранд, гиреҳҳои узвҳои баданро мекушояд, бодҳоро таҳлил медиҳад, меъдаро қувват мебахшад, иштиҳои таомро бармеангезад, пешоб ва ҳайзро меронад, моддаҳои зиёдатӣ ва нодаркори бисёрро аз бадан хориҷ мегардонад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор