Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

вале маниро хушк мекунад, бачаи занони ҳомиларо аз шикам меафтонад, боҳро (пушти камарро) қатъ мекунад.

Агар инро бихӯранд ва гузошта банданд, барои бемориҳои вобаста ба ҳолати майна ва асаб, монандӣ: фолич, ларзак, ҷингак шудани аъзо аз бисӯрии балғам, дардҳои гуногуни буғумҳо ва иркуннасо (радикулит) даво мешавад; инчунин барои бемориҳои узвҳои даруни сина, зардпарвин, иллатҳои сипурз ва кулинҷи бодӣ шифо мебахшад; ва ҳамин тавр бихӯранд, санги гурда ва ҳиҷакро майда карда мерезонад; бавосири кӯҳна, бемориҳои мақсад ва бачадонро дафъ мекунад.

Обашро бо асал ҷӯшонида, аз ин таркиб аз 50 то 75 грамм биёшоманд, ҳиқкакро дафъ менамояд. Оби инро бо шибит бихӯранд, дарди паҳлу ва узвҳои даруни синаро таскин медиҳад; барои зиқ-ун-нафас ва сурфаи кӯҳна дармон мегардад, дарди рӯдаҳоро таскин медиҳад, варами гарми шуш, дарди буғумҳо ва иркуннасоро даво мебошад, ларзи табҳои сардмизоҷро басанда менамояд.

Инро дар равғани зайтун ҷӯшонида, он равғанро бихӯранд, кирмҳои меъдаро мерезонад. Ва агар дар шароб то ними шароб бухор шуда рафтан биҷӯшонанду баъд он шаробро бинӯшанд, истисқои гӯштиро дафъ мекунад. Инчунин инро бо анҷир пухта, батакрор гузошта банданд, аз ин иллати истисқо наҷот меёбанд. Агар бо намак пухта ё намак хӯронида гузошта банданд, чашмро тез мекунад.

Баргашро бихоянд, бӯи пиёз ва сирро аз даҳан дур месозад.

Камтареро аз барги он бихӯранд, ҳозимаро, яъне меъда, рӯдаҳо, ҷигар ва сипурзро қувват мебахшад, иштиҳо меоварад, оруғро дафъ мекунад; агар инро бо анҷир ва мағзи чормағз бихӯранд, заҳрҳои хӯрдашуда ва заҳрҳои ҷонварони дигарро аз бадан дафъ мекунад.

Ҳар рӯз аз барги он 3.5 грамм бихӯранд, иллатҳои фолич, ларзак ва ҷингак шудани аъзоро барҳам медиҳад.

Тухмашро бихӯранд ва онро баъд аз ҷимоъ бардавом занҳо аз таг бардоранд, ҳомила шуданро манъ мекунад. Хӯрдани тухмаш бар зидди ҳамаи намудҳои заҳр тӯрьёк мебошад.

Тухм ва баргашро батакрор бихӯранд, бачаро аз

пешина
аз 702
навбатӣ