Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Агар оби баргашро нӯшиданӣ бошанд, 130 грамм ошомидан кофист.
Вале истеъмоли ин ба дарун меъдаро заиф мегардонад. Дар ин ҳолат шилми бодомҳоро бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меёбад.

Агар гази калони кӯҳиро ёфтан душвор гардад, ба ҷои ин самари сарвро истифода баранд, раво мебошад.

Самари ин газ назар ба маҳсулоти дигари дарахташ бештар давогӣ дорад. Онро бихӯранд, моддаҳои зарарноки аз ҷоҳои дигари бадан ба узв рехташавандаро рад мекунад; милки дандон, чашм меъда, ҷигар ва сипурзро қавӣ мегардонад; рафтани хунро аз ҳар ҷои аъзо, ки бошад, инчунин хун қай карданро манъ мекунад, намегузорад, ки назла аз сар ба поён фурояд, исҳолҳои сафровичӣ ва рутубиро банд менамояд, зардпарвинро дафъ мекунад, рутубати беҷо равоншавандаи бачадонро хушк мегардонад.

Самари инро як шабонарӯз дар гулоб тар карда, баъд он гулобро соф намуда, дар чашм чаконанд, моддаҳои ба чашм фурояндаро пас мегардонад, ба пилкҳои чашм қувват медиҳад, инчунин чашмро тез мекунад. Ва агар онро дар об ҷӯш дода, он обро дар даҳан гардонанд ва ё худашро батакрор бихоянд, милки дандонро мустаҳкам месозад, дандонро аз хӯрда шудан нигоҳ медорад ва агар он ҷунбонак бошад, сахт менамояд. Агар инро бихӯранд, барои хун қай кардан, иллатҳои дамкӯтаҳӣ, бевақт равон шудани ҳайз ва хуни бавосир даво мешавад: хунравиро аз ҳар узв, ки бошад, манъ мекунад; намегузорад, ки назлаҳо аз боло ба поини бадан рехта шаванд, инчунин исҳолҳои сафровӣ ва рутубиро манъ мекунад. 25 граммашро дар об ҷӯш дода ё дар оби гарм як шабонарӯз тар карда, он обро бо шакар ширин карда бинӯшанд, зардпарвинро дафъ мекунад; қуввати захри ғундаро мешиканад, агар газида бошад; кӯтури тарро сиҳат мебахшад, рутубати бемаврид ва бисёри равоншавандаи бачадонро хушк мекунад ва дар мизоҷи тифлон барои дафъи рутубати ғализи бадбӯи олҳо доруи хубест; ранги рӯйро пок, неку ва тару тоза мегардонад: бадани беморони силро фарбеҳ месозад ва баъд аз он ҳафт рӯз ё зиёда дар дӯғ катиро ҳал карда, бо 25 грамм самари ин дарахт пай дар ҳам бинӯшоманд ва аз болояш нони тунуки аз орди маҳини гандум тайёркардаро

пешина
аз 702
навбатӣ