Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
кӯфта бихӯранд, бисёр фарбеҳ мегардонад, инчунин ранги рӯйро пок, неку ва баракатак месозад.
Хулласи калом ин аст, ки чун касеро дар баданаш рутубати мурдор бошад, инро бихӯранд, баданро аз он пок месозад ва меъдаро қавӣ мегардонад. Касеро, ки меъда ва баданаш аз моддаҳои бегона пок бошад, агар бихӯрад, онро қувват мебахшад, фарбеҳ мекунад; исҳол, пешобравии беиродӣ, инчунин бемаврид равон шудани ҳайзро манъ мекунад. Агар инро дар зарфе битафсонанд, то он ки бӯяш барояд, онро бо 35 грамм гулнор ҳар дуро якҷо кӯфта бихӯранд ва ду-се ҳафта ҳамин миқдор истеъмол намоянд, исҳолро манъ мекунад ва равон шудани хунро бозмедорад. Агар асабҳо нотавон гашта бошанд, инро кӯфта гузошта банданд, ба ибро меоварад. Агар инро дар об ё дар сирко ҷӯш дода, баъд кӯфта аз рӯ гузошта банданд, варами сипурзро мегардонад. Ва онро дар об ҷӯш дода, бо он об бишӯянд, кӯтури тарро шифо мебахшад, ранги рӯйро неку мегардонад, шапушҳоро нест мекунад. Агар инро кӯфта бипошанд, хуни ҷароҳатҳоро аз рафтан манъ месозад, гӯшти зоиди онҳоро мехӯрад. Ва агар кӯфтаи онро занҳо аз таг бардоранд, рутубати беҷо, равони андоми шарм ва бачадонро нест менамояд.
Чӯби гази калонро сӯхта, ба дудаш бидоранд, барои одамоне, ки рӯяшон каҷ шуда бошад, нафъ мекунад.
Аммо хӯрдани гази кӯҳӣ ва самари он ба сар зарар дорад. Дар ин маврид тухми сабзии саҳроиро бихӯранд, зиёнашро ислоҳ мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан аз самари он дар як рӯз аз 7 то 15 грамм аст. Агар самари гази калони кӯҳӣ ёфт нашавад, ба ҳамон вазн мозу ҷои онро гирифта метавонад. Агар мозу ҳам дастрас нагардад, қисми даруни анор ба ғайр аз донаҳояшро ба ҷои ин истеъмол намоянд, раво мебошад.
- Панҷангушт
Ин буттаест баргаш монанд ба панҷ ангушти дасти одамӣ аз як нуқта ба ҳар тараф кашидашуда мебо-шад. Дар республикаҳои Осиёи Миёна онро ҳамчун растании ороишӣ парвариш медиҳанд. Инро ба забони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор