Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

арабӣ аслак ва ба ҳиндӣ синбҳолу меноманд ва дар баъзе маҳалҳо тоҷикон содда карда симболӣ мегӯяндаш. Дар худи шаҳри Душанбе аз паҳлуҳои кӯчаҳо бисёр буттаҳои ин мавҷуд мебошанд. Гулаш дар хӯ- ша бунафш ва гоҳо сафед мебошанд, аз нимаи баҳо- рон то тангии тирамоҳ гул мекунад ва тухм мебандад. Тухмаш ба миқдори мурч аст. Бинобар ҳамин инро дар Эрон мурчи кӯҳӣ мехонанд.

Мизоҷаш гарм ва хушк дар дараҷаи дуввум аст. Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, да- рунро мебандад, варам ва моддаҳои ғафсро таҳлил медиҳад, гиреҳҳои дар мағзи сар ва дар ҷигар пайдо- шударо мекушояд; дарди сарро, ки аз зиёд шудани рутубат ва ба ҳам расидани варам дар майна бошад, шифо мебахшад; ва агар дар рагҳои ширъёнии (артерияи) майна варам пайдо шуда ва ин варам аз зиёд шудани балғам дар мағзи сар ба амал омада бошад, онҳоро таҳлил медиҳад; бемориҳои девонагӣ ва дил- тапак (дилбозӣ)-ро дафъ мекунад; хуни бандшудаи ҳайз ва бавосирро мекушояд, яъне равон мекунад, ги- реҳи дар сипурз баамаломадаро мекушояд, варами бачадонро таҳлил медиҳад, асабҳои печидаро рост ме- гардонад, кафидани мақъадро сиҳат мебахшад, захри морро аз бадан дафъ менамояд. Одатан аз ин рас- таӣ ҷонварони газанда мегурезанд.

Барги тарашро кӯфта, монандӣ фулус курсҳо паҳн кунанд, ки вазни ҳар як курс тақрибан 2,5 грамм бо- шад. Баъд онҳоро дар рӯи тозае, ки бо равғани гов чарб карда шуда бошад, аз як рӯяш бирёнд намоянд. Сонӣ дар асали сараи баҳорӣ андозанд. Аз ин таркиб то се рӯз пагоҳӣ ба дили наҳор як курси онро зане, ки ба иллати парсут гирифтор бошад, бихӯрад. Агар би- гуворад, яъне бифораду мувофақат кунад, то ду ҳаф- та ҳар як курси онро субҳ ва як курси дигар ба вақти шом бихӯрад. Агар аз ин сиҳат ёбад, хуб аст ва агар на, тарк намояд. Аммо асаре аз парсут монда бошад, боз як ҳафтаи дигар низ ду маҳал ё як маҳал истеъ- мол намояд. Дар рӯзҳои хӯрдан аз маҳсулоти ширӣ, туршиҳо, сабзиҳо (кашниз, шибит, кабуд ва ғайра), чизҳои тармизоҷ ва равғани бисёр парҳез намояд.

Парсут — озорест, ки баъзе занонро баъди зоидан содир мегардад, намудаш гуногун мебошад: баъзеро дарунаш меравад, рангро зард, баданро зард ва ло- ғар мегардонад. Бемор ба ягон хӯрок рағбат намекунад.

пешина
аз 702
навбатӣ