Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

часпонидан ва сардии мизоҷи онро қавӣ гардонида, ба захми шуш вафо намояд ва таби дикро дафъ кунад. Як даворо барои як беморӣ ба кор мебаранд дар он ҳолате, ки иллат мустаҳкам набошад. Аммо дар сурати зиёд будани миқдори беморӣ дар як бадан ва ҳангоми мустаҳкам гаштани он барои сохтани давои мураккаб зарурат меафтад. Ҳарчанд таркиби мараз (беморӣ) зиёдтар бошад, таркиби даво ҳам мувофиқи он бояд биафзояд, то он, ки муддао — табобат ҳосил гардад.

ФАСЛИ ҲАФТУМ.

ДАР БАЁНИ
КАФИЯТИ ДАВОҲОИ МУРАККАБ ВА
МУАЙЯН КАРДАНИ МИҚДОРИ ХӮРДАНИ ОНҲО

Дар ин бора қоида чунин аст, агар якчанд давоҳоро бо ҳам даромезанд, ки ҳар яке он ба таркиб дароянда барои мақсади муайян бошад, бояд ки таносуби миқдори хӯрдани ҳар яке аз онҳо монандӣ нисбати вазифаи матлуби таркиби онҳо бошад. Масалан: агар таркиби даво аз панҷ чиз мураккаб шуданаш матлуб бошад, барои як бор хӯрдани аз ҳар як давои содда панҷяк миқдори хӯрданашро гирифта, баъд бо ҳам даромехта мекунанд, ки ин як хӯрдании комил мебошад. Агар мақсад се давои соддаро бо ҳам омехтан даркор бошад, аз ҳар яке он сеяк миқдори хӯрданашро гирифта, баъд бо ҳам меомезанд, ки ин низ як хӯрдании комил аст. Вале агар масалан, аз шаш давои содда барои шаш бор хӯрдан давои мураккаб тайёр кардан даркор бошад, аз ҳар яки онҳо як миқдори хӯрданро гирифта, ба ҳам меомезанд; ва барои сиву шаш маротиба хӯрдан бошад, аз ҳар яки он шаш давоҳои матлуб шаш миқдори ошомиданро бо ҳам даромехта, баъд ба сиву шаш тақсим карда, ҳар бор як қисми онро истеъмол мекунанд.

Агар инро дақиқтар баён намоем, масалан, барои дафъ кардани сафро ва балғам аз омехтаи сабир, занбӯруғи сафеди танаи дарахт, гӯшти ҳанзал (тарбузи абӯҷаҳл) ва сакмуниё, ки чор намуд аст, давои мураккаб

пешина
аз 702
навбатӣ