Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

Хислатҳои шифобахши он. Хусусиятҳои умумии он: варамҳоро таҳлил медиҳад, яъне мегардонад. Реш ва пучакҳои гуногунро мепазонад ва ба зудӣ мекафонад, моддаҳои бегонаро аз ҳаракат манъ мекунад ва намегузорад, ки онҳо аз ҷоҳои дигари бадан ба узве бифуроянд ва рехта шаванд ва гулихайрӣ мулоим ва нармкунандаи ҷоҳои сахти бадан аст. Агарчи давоии гули он заифтар аз тухм, поя ва барги он бошад, вале бо ин ҳама таъсири хубе дорад.

Барги тарашро кӯфта ба сар гузошта банданд, варамҳои раддии майна ва пардаҳои онро, ки дар тибби ҳозира менингит меноманд, шифо мебахшад, инчунин агар гузошта банданд, варамҳои бехи гӯшро таҳлил медиҳад; барои бардамида шудан ва боднок гаштани пилҳои чашм давои хубе мебошад. Инро кӯфта, ба захмҳо гузошта банданд, даҳани онҳоро ба ҳам оварда сиҳат мекунад; ба варамҳои гуногун гузошта банданд, зуд дардро таскин медиҳад ва худи варамҳоро мегардонад — таҳлил медиҳад; барои ханозер низ, ки аз он гулӯи одамӣ варам карда, монандӣ гардани хук қафе мешавад, шифо мебахшад; пучак, чиртак ва ҳамчунин решҳои римкунандаро зуд мепазонад ва мекафонад; варамҳои пистон ва мақъадро зуд таҳлил медиҳад ва ҷароҳатҳоро ба зудӣ сиҳат мегардонад. Агар ягон узв шикаста бошад, ба он кӯфта гузошта банданд, устухони шикастаи онро ба ҳамдигар пайваст мекунад; иркуннасо, ки ҳоло онро радикулит меноманд ва дарди буғумҳо, ки ҳама аз гармӣ бошанд, шифо мебахшад. Баргашро кӯфта, бо равғанҳо ҳамир карда, ба варамҳои пардаҳои даруни сина ва ба варамҳои шуш аз рӯ гузошта банданд, барои ҳамаи инҳо дармони писандида мебошад, варамҳои мазкурро шифо мебахшад. Барги инро аввал дар об ҷӯшонида пухта, баъд бо равғани маска ё равғани зард ва ё бо равғани ҷонвари дигар ҳамир карда, ба варамҳои гарм гузошта банданд, зуд онҳоро мепазонад ва кафонида римашро берун меоварад ва баъди хориҷ гаштани римаш гӯшти ҳароми онҳсро дур намуда, ба ҷояш гӯшти солим пайдо мекунаду сиҳат мебахшад.

Агар ин растаниро дар об ҷӯшонида, он обро ба сар бирезанд ё сарро бо он об бишӯянд, мӯи сарро абрешим барин мулоим мекунад. Ва агар дар ин об то ноф даромада нишинанд, варами мақъадро таҳлил

пешина
аз 702
навбатӣ