Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

кунем (4:2 = 2), ҳосилаш 2 дараҷа мешавад. Маълум шуд, ки давои мураккаб дар ним дараҷа гарм ва дар 2 дараҷа хушк мебошад.
Инак, осонтар ва аниқтар таркиб додани давоҳои мураккаб ба салоҳдиди табибони ҳозиқ мансуб аст. Инаш ҳам равшан аст, ки агар давои мураккаберо тартиб додаӣ шавем, миқдори гирифтан аз ҳар қисми онҳо ба адади давоҳои дохилшаванда вобаста аст. Масалан: давои мураккабе, ки аз ду давои содда иборат бошад, агар аз ин таркиб миқдори як хӯрдан тайёр карда бошем, аз ҳар яке ним хӯрдани гирифта, ба ҳам меомезем — ин миқдори як хӯрдании он мебошад. Агар давои мураккаб аз се, чор ва ғайра иборатбударо сохтанӣ шавем, фарз кардем, миқдори як хӯрдан даркор бошад, аз ҳар як даво сеяк; ва аз чор даво таркиб сохтанӣ бошем, барои як миқдори хӯрдан аз ҳар яке чорьяк миқдори хӯрдани гирифта, ҳамаро ҷамъ мекунем, ки ин як хӯрдании комил мебошад. Агар аз ин чордору ду миқдори хӯрдан тайёр кардан мурод афтад, аз ҳар як ним миқдори хӯрдани гирифта, онҳоро бо ҳам меомезем.

ФАСЛИ НУХУМ.

ДАР БАЁНИ ТАРИКИ МУАЙЯН КАРДАНИ МИКДОРИ ХӮРДАНИ ДАВОХОИ МУРАККАБ

Миқдори хӯрдани ҳар давои мураккабро муайян кардаӣ бошанд, аввал бояд, ки миқдори вазн ва адади онро аниқ кунанду баъд як қисми нисбати онро бароваранд, ки ин миқдори як бор ошомидании он аст. Масалан, агар вазни ҳамаи давои мураккаб 105 грамм бошад ва даҳ бор хӯрданӣ шаванд, пас 105:10, ки миқдори як бор хӯрданаш аз 10,5 грамм иборат аст. Вале агар сӣ хӯрданӣ бошад ва вазни давои мураккаб 10,5 граммро ташкил кунад, дар ин ҳолат 10,5 : 30 = = 0,32, ки миқдори як бор хӯрданаш 0,32 грамм аст тақрибан. Хуллас, ки дар ин мавриди вазни давои мураккабро ба адади хӯрданӣ тақсим мекунанд ва ҳосили тақсим миқдори як бор хӯрданӣ мебошад. Ба ҳамин киёс миқдори як бор хӯрдании давои мураккабро муайян менамоянд.

пешина
аз 702
навбатӣ